logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Бурак Оздемир хабарҳоро оиди ба бемории саратон гирифтор шуданаш рад кард

Ӯ аз мухлисонаш хостааст, ки ба ҳар гуна овозаҳо бовар накунанд.

Your tj

12:0912.05.2022

Бурак Оздемир хабарҳоро оиди ба бемории саратон гирифтор шуданаш рад кард

Тайи ду рӯзи охир расонаҳои туркӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабари ба бемории саратони мағзи сар гирифтор шудани сарошпази маъруфи турк Бурак Оздемирро паҳн карданд. Бурак бо нашри як матлаб дар саҳифаи Фейсбукиаш ин хабарҳоро беасос хонд.

Бурак ду рӯз пеш акси худро рӯи бистари бемористон дар саҳифаи Instagram – аш нашр кард. Пас аз ин дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳо паҳн шуданд, ки гӯё Бурак ба бемории саратони мағзи сар гирифтор шудааст.

Ин хабар тамоми мухлисони Буракро нигарон кард, ҳама даст ба дуо бардошта ба ӯ шифои комил мехоҳанд. Бегоҳии рӯзи гузашта ин ошпази маҳбуб изҳоротеро мавриди ин овозаҳо нашр кард ва гуфт, ки вазъи саломатиаш хуб аст.

“Салом алейкум, ташаккури зиёд барои таманниёти хуб. Ягон ҳолати баде бо ман рух надодааст, илтимос ба хабару навиштахои беасос аҳамият надиҳед. Ташаккур, ман шодам ки шумо дорам”, - навиштааст, Бурак Оздемир дар саҳифаи Фейсбуки худ.

Ба гуфти ин ошпаз ӯ танҳо барои озмоиш ба бемористон рафтаасту халос.

Оздемир бо таомҳои муалифии худ мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён қарор гирифт. Наворҳои таомпазии ӯ дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуданд ва ӯро як сарошпази машҳур дар ҷаҳон карданд.

Ба ғайр аз ин Бурак дар чандин кишварҳои ҷаҳон тарабхонаҳои худро дорад. Чанд моҳ қабл дар маркази шаҳри Душанбе низ трабхонаи овозадори CZN Бурак кушода шуд. Худи Бурак дар кушодашавии он иштирок дошт ва чанд мудат барои мизоҷон хӯрок мепухт.

Бурак асосан дар Туркия ва Дубай зиндагӣ мекунад, аммо дар саросари ҷаҳон садҳо ҳазор пайравони худро дорад, ки усулҳои пухтупази ӯро дӯст медоранд. Ҳоло танҳо дар саҳифаи Инстаграмаш беш аз 34 миллион обуначӣ дорад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

2 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

2 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

4 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

5 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

5 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ