Муродалӣ Бобоқулов сокини шаҳри Истаравшан солҳост, ки ба навъҳои гуногуни варзиш машғул аст. Ӯ дар пайравӣ ба сабки варзишу фалсафаи ҷиткундои Брюс Лӣ тамрин намуда, наворҳои ҷолиби варзишӣ нашр мекунад.
Маҳз маҳорату истеъдоди баланду шабоҳати зоҳирӣ Муродалиро ба қаҳрамони машҳури филмҳои ҷаҳонӣ Брюс Лӣ монанд кардааст.
Муаллифи Your.tj бо ин варзишгари ҷавон ҳамсуҳбат шуда, аз ҳаёту фаъолияти варзишӣ, дастовардҳо ва нақшаҳои ояндаи ӯ нақл кард.
Пайрави фалсафаи варзишии Брюс Лӣ
Муродалӣ Бобоқулови 27-сола сокини шаҳри Истаравшан аст. Ӯ бо маҳорату истеъдоди баланди варзишӣ таваҷҷуҳи ҳазорҳо корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба худ ҷалб кардааст. Муродалӣ дар Instagram блоги фаъол дорад, ки дар он наворҳои варзишӣ ва намоишҳои муҳорибавияшро нашр мекунад. Қаҳрамони мо бештар сабки Брюс Лӣ ва фалсафаи варзишии “ҷиткундо”-ро пайравӣ мекунад.
“Ман аз хурдӣ ба варзиш таваҷҷӯҳи зиёд доштам. Вақте ки 12-13-сола шудам, ба мактаб ва толорҳои варзишӣ рафта, мунтазам тамрин мекардам. Ба синамои ҷаҳонӣ ҳам аз ҳамон вақт шавқ пайдо кардаам. Пайваста филмҳои муҳорибавиро тамошо мекардам. Хоса он филмҳое, ки Брюс Лӣ нақш офаридааст, бароям писанд буд.
Ҳаракатҳое, ки ин варзишгари ҳунарманд мекард, дар хона машқ карда зуд аз худ мекардам. Маҳорати варзишии Брюс Лӣ дар зеҳнам он қадар ҷо шудааст, ки ҳар як ҳаракатам хоҳу нохоҳ ба ӯ монанд мешавад. Брюс Лӣ бароям танҳо як қаҳрамон нест, балки фалсафаи тарзи зиндагист. Кӯшиш мекунам на нусхабардор, балки идомадиҳандаи ҳунари фавқулодаи ӯ бошам”, – мегӯяд қаҳрамони мо.
Муродалӣ Бобоқулов аз варзишгарони муваффақ буда, дар варзиши ҷиткундо, бокс, греплинг, таэквондо, паркур, акробатика ва кардио тамрин мекунад. Ӯ дар чандин мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.
Ба қавли қаҳрамони мо, ҳадафаш на танҳо нишон додани маҳорати ҷисмонӣ, балки таблиғи тарзи ҳаёти солим ва худтакмилдиҳӣ миёни ҷавонон мебошад.
Варзишгари блогер
Муродалӣ Бобоқулов аз соли 2022 дар шабакаи иҷтимоии Instagram саҳифаи шахсии худро фаъол намудааст. Айни ҳол ӯ беш аз 24 ҳазор обуначӣ дошта, дар саҳифааш наворҳои варзишӣ ва саҳнаҳои ҳунарӣ нашр мекунад. Қаҳрамони мо сюжети наворҳояшро худаш омода карда, таҳриру танзим менамояд.
“Аз рӯзҳои аввал кӯшиш кардам, ки мардум аз наворҳоям баҳра баранд. Ҷавононро ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намоям. Зеро аз наврасӣ ба варзиш машғул шудан хеле муфид аст. Аммо дар баробари ин, набояд аз таҳсил дур шуд.
Худам бисёр вақт машғули тамрин мешудам ва ба дарсҳо беаҳамият будам ва ё кам вақт ҷудо мекардам, ки имрӯзҳо подошашро мебинам. Аз ин лиҳоз варзиш ва дониш бояд ҳамқадам бошанд, зеро бе таҳсил пешрафти воқеӣ душвор аст”, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Муродалӣ баробари варзишгару блогер будан дорои маҳорати актёрӣ буда, ҳамчун ҳунарманди саҳнаҳои хатарнок (каскадёр) фаъолият мекунад.
Дар яке аз наворҳояш Муродалӣ бо пӯшидани либоси муҳофизатӣ худро аз баландӣ сар дода, бо маҳорати махсус бо шикам ғеҷида поён мефарояд, ки ин далели ҷасорат, таҷриба ва сатҳи баланди омодагии ӯст.
“Мехоҳам дар филмҳо нақш офарам”
Брюс Лӣ аз ҳунармандони маъруфу муваффақ буда, нақшҳои офаридааш шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Мутаассифона, ин ҳунарманди ҳирфаӣ умри кӯтоҳ дида, барвақт аз дунё гузаштааст. Муродалӣ ният дорад дар ҳамкорӣ бо коргардонҳои тоҷик ва хориҷа идомаи чунин филмҳоро ба навор гирад.
“Агар ба ман он образҳое, ки ба Брюс Лӣ пешниҳод шуда буд пешниҳод намоянд бо ҷону дил қабул мекунам. Ё дар дигар филмҳои фантастикӣ даъват кунанд, барои ҳунарнамоӣ розӣ ҳастам. Тақлиди кӯр-кӯрона не, балки офариниши образи нав бо истифодаи унсурҳое, ки дар филмҳои Брюс Лӣ кам дида мешаванд”, – иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Муродалӣ Бобоқулов мехоҳад филме таҳия намояд, ки дар он муборизаҳои як бародар барои ҳимоя ва дастгирии додар ба таври таъсирбахш нишон дода шавад. Ин филм саргузашти як оилаи одиро бозгӯ мекунад, ки дар он бародари калонӣ бо вуҷуди мушкилоти зиндагӣ масъулияти ҳифзи додарро бар дӯш мегирад.
“Дар филм бояд унсурҳои тарбиявӣ ҷой дошта бошад. Меҳру муҳаббати бародару додариро нишон диҳад. Мехоҳам нишон диҳам, ки бародар чӣ қадар бузург асту барои ояндаи дурахшони додараш аз чиҳо гузашт мекунад”, – гуфт варзишгари ҷавон.
Муродалӣ Бобоқулов мегӯяд, агар чунин филмҳо ба навор гирифта шавад, он метавонад ба сатҳи ҷаҳонӣ барояд ва ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шавад.
Аз ҷиткундо то акробатика. Толори замонавии варзишӣ дар Истаравшан
Муродалӣ Бобоқулов мегӯяд, ба наздикӣ толори муосири варзишияш ба фаъолият оғоз мекунад, ки барои дӯстдорони варзиш, бахусус паркур, акробатика ва ҷиткундо равона шудааст.
Дар ин толор на танҳо машқҳои варзишӣ, балки унсурҳои худмуҳофизат низ ба шогирдон омӯзонида мешаванд. Толор бо таҷҳизоти замонавии варзишӣ таъмин буда, муҳити мусоид барои тамрин фароҳам оварда шудааст.
“Дар толори варзишии мо тамоми имкониятҳо мавҷуд аст. Кӯшиш мекунем ҳар чӣ бештар ҷавононро ба варзиш, ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намоем. Варзишгарони муваффақу ҳирфаиро тайёр кунем, то дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида парчами давлати азизамон Тоҷикистонро бардоранд”, – таъкид кард Муродалӣ.
Қаҳрамони мо шогирдони зиёд тарбия намудааст, ки дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ иштирок карда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Худи ӯ низ ғолиби даҳҳо мусобиқа буда, устоди варзиш мебошад. Ба наздики Муродалӣ аз ҷониби Федератсияи паркури Тоҷикистон соҳиби шаҳодатнома гардид.
“Кӯшиш мекунам ба шогирдон тамоми навъҳои варзишро, ки худ балад ҳастам, омӯзонам”, – гуфт қаҳрамони мо.
Муродалӣ Бобоқулов бар он ақида аст, ки варзиш дар шахс на танҳо қувваю тавоноии ҷисмонӣ, балки покии ахлоқ, интизом ва масъулиятро низ ташаккул медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар як мураббӣ бояд пеш аз ҳама намунаи ибрат бошад, то шогирдон аз рафтору гуфтори ӯ дарси зиндагӣ бигиранд.
Абдуғаффор Шодиев
