Ғанигардонии орди гандум бо микроэлементҳо яке аз тадбирҳои муҳими ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад, ки мақсад аз он пешгирии бемориҳои дар натиҷаи норасоии витамину минералҳо ба вуҷуд меомада аст.
21-уми январ дар доираи лоиҳаи “Модари солим – кӯдаки солим”-и USAID, семинари омӯзишӣ бо иштироки намояндагони ВАО баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ин семинар огоҳсозии аҳолӣ аз ғизои солим ва ғанигардонидашуда барои модару кӯдак ва дигар қишри ҷомеа ба воситаи ВАО мебошад.
Дар ҷамъомади мазкур намояндагони лоиҳаи “Модари солим, кӯдаки солим” -и USAID, намоянда аз Маркази ҷумҳуриявии ғизо ба ҳайси сухангӯи семинар ва журналистони расонаҳои гуногун ширкат доштанд.
Норасоии микроэлементҳо боиси бемориҳо
Семинари мазкур мавзуҳои нақши ғизои ғанигардонидашуда ба саломатии аҳолӣ, намудҳои он, бартараф кардани монеаҳо, стратегияҳои пешбурди маҳсулоти ғанигардонидашуда ва қувваи ВАО дар ташаккули тасаввуроти ҷамъиятиро фаро гирифт.
Муртазо Ҳафизов намоянда аз “Маркази ҷумҳуриявии ғизо” гуфт, аз модароне, ки бо маҳсулоти ғанигардонидашуда таъмин нестанд, кӯдакони камвазн таваллуд мешаванд. Аз норасоии микроэлементҳо кӯдакон ба камвазнӣ 5,6%, қадпастӣ 17,5% ва камхунӣ 41,5% дучор меоянд.
Ӯ афзуд, ки дарсади зиёди аҳолии кишвар ба бемории ҷоғар (зоб) гирифтор аст. Яке аз маҳсулоти ғанигардонидашуда ва серистифода барои пешгирии ин беморӣ намаки йоднок мебошад. Мутаассифона дар оилаҳои тоҷик бештар нигоҳдории намак нодуруст ба роҳ монда шудааст ва дар натиҷа йод аз он хориҷ мешавад.
Аз ин лиҳоз, бартараф намудани мушкилии норасоии микроэлементҳо бо роҳи ғанигардонии маҳсулоти дар истеъмол васеъ истифодашаванда пешниҳод гардидааст.
Чӣ тавр ордро ғанӣ мегардонанд?
Намояндаи лоиҳа Мухтор Ҳасанов иброз дошт, ки яке аз маҳсулоти зиёдистеъмол дар Тоҷикистон орд аст. Чун дар байни аҳолии мо орди гандумӣ ба ҳар як хонавода дастрас аст, метавонад беҳтарин воситаи ғанигардонӣ бо микроэлементҳо бошад.
Ҳоло 81 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишвари ба мо ҳамсоя Ӯзбекистон аз орди ғанигардонидашуда истифода мебаранд. Дар Ӯзбекистон бо 7 намуд витамину минералҳо ордро ғанӣ мегардонанд, зеро дар он ҷо норасоии витаминҳо бештар аст.
Дар ҷумҳурии мо бошад, барои ғанигардонии орд ҳамагӣ 4 намуд витамину минералҳои иловагӣ тавсия шудааст, аз қабили витамини B-12, кислотаи фолий, оҳан ва руҳ.
Дар навбати худ намояндаи “Маркази ҷумҳуриявии ғизо” Муртазо Ҳафизов ишора намуд, ки кишварҳои ғарб бо ғанигардонии маҳсулот тавонистанд дарсади бемориҳои болозикрро то қадри имкон коҳиш диҳанд.
Муртазо Ҳафизов ба суоли хабарнигори Your.tj – оё ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон орди ғанигардонидашуда дастрас аст?,- чунин посух дод:
“Барномаҳои пешбининамуда аздик ба иҷрошавиянд. Дар ҳолати дастрас шудани премикс аз хориҷи кишвар, корхонаҳои дохилӣ ба ғанигардонии орд шуруъ мекунанд. Мутаассифона орде, ки ҳоло дар бозорҳои мо мефурӯшнад, ғанигардонидашуда нест”.
Ба иттилои ӯ, ҳоло корхонаҳои истеҳсоли орди кишвар барои ғанигардонии маҳсулоти ордӣ омодаанд. Танҳо маҳсулоти ғанигардонии премикс то ҳол ба кишвар ворид нашудааст. Барои ворид намудани маҳсулоти премикс танҳо бо ширкатҳои яке аз кишварҳои ба мо наздик, аз қабили Ӯзбекистон, Қазоқистон ё Ҳиндустон шартнома бастан лозим аст.
Аз рӯйи дурнамо бояд баҳори соли 2026 бозорҳои кишвар бо орди ғанигардонидашуда таъмин карда шаванд.
Муртазо Ҳафизов қайд намуд, ки фақат навъҳои якум ва олии орд ғанӣ гардонида мешавад, чунки барои бештари маҳсулоти ордӣ дар кишвари мо аз ин навъҳо истифода мекунанд.
“Тибқи нақша истеҳсоли 80% орди ғанигардонидашудаи ватанӣ дар назар аст. Бояд гуфт, ки тибқи стандарт баъд аз кӯфтани гандум, ба 1 тонна орд 200 г премикс зам кардан мумкин аст. Нархи орди ғанигардонидашуда вобаста ба як халтаи 50 кг орд шояд то 2 сомонӣ фарқ кунад”,- мегӯяд Мухтор Ҳасанов.
Орди ғанигардонидашударо аз дигар ордҳо бо нишонаи рӯи халтаи орд – “здоровое питание” (ғизои солим) фарқ кардан мумкин аст.
Кадом маҳсулот ғанӣ мегарданд?
Мавриди қайд аст, ки дар соли 2019 ҳукумати ҷумҳурӣ барои пешгирии норасоии ғизонокӣ Қонун “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо хӯроквории ғанигардонидашуда” ба тасвиб расонд.
Дар асоси ин қонун таҳти роҳбарии Маркази ҷумҳуриявии ғизо “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” пешниҳод карда шуд.
Мақсади барнома пеш аз ҳама ғанигардонии орд, равған, шир, маҳсулотҳои ширӣ, обӣ ва беҳтар намудани сифати намаки йоднок аст. Ин барнома аз 23 банд иборат буда, то ҳол 14 бандаш иҷро шудааст.
Тавре Муртазо Ҳафизов ёдовар шуд, натиҷаҳои интизорӣ аз ин барнома то 30% баланд бардоштани сатҳи ғизонокии витаминию минералиии организми кӯдакони то 5 сола ва занони қобили таваллуд мебошад.
Аз рӯйи тадқиқоти моҳи январ-августи соли 2021 ҳосилнокии умумии орд (навъҳои афзалиятнок) навъи олӣ 5-7%, навъи якум 55-60% ва дуюм 0-5% мебошад.
Шаҳрвандони кишвар ҳоло танҳо дар Комбинати “Орди Душанбе” ва се ширкати истеҳсоли маҳсулоти орди вилояти Суғд (“Хубҷам – Инвест”, “Зерновая комапания” ва “Орди фатир”), тариқи фармоиши махсус ордро ғанӣ гардонида метавонанд.
Мутахассис оид ба тағйироти рафтори иҷтимоӣ Раъно Додоҷонова гуфт, ки то кадом сатҳ расонидани иттилоъ ба аҳолӣ ба намояндагони ВАО вобаста аст.
“Масалан, барои пухтани як кулчаи хушмазза як оилаи деҳотӣ гандум мекоранд ва то расидани гандум дар ҳамбастагӣ меҳнат мекунанд. Барои он ки як кӯдак низ мисли кулчаи зебо ба воя расад, мебояд тамоми ҷомеа кӯшиш намояд. Барои солимии насли оянда ғизои ғанигардонидашуда хеле муҳим аст”,- иброз дошт ӯ дар анҷом.
Нодира Собирзод