Бозии Hamster Kombat 26-уми марти соли 2024 сохта шуд. Дар тӯли қариб ду ҳафта як миллион бозингари фаъолро ҷамъ кард. Бозӣ дар миёнаҳои моҳи май маъруфияти бештар пайдо кард.
Бино ба иттилои саҳифаи лоиҳа, ки дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) нашр шудааст, бозии Hamster Kombat то санаи 9-уми июн 200 миллион истифодабаранда дошт. Дар асл, аз бозии мазкур пул кор кардан кафолат дорад, ё на, ҳанӯз маълум нест. Аммо корбарон аз Тоҷикистон дар бораи бозии Hamster Kombat назару андешаҳои мухталиф доранд.
Муаллифи Your.tj назари чанде аз мутахассисони ватанӣ ва корбаронеро, ки тӯли чанд муддат дар Hamster Kombat бозӣ кардаанд, ё огоҳӣ доранд, гирифт. Гурӯҳе онро ҷуз фиреб чизе беш намеҳисобанд, вале иддае тахмин мекунанд, ки шояд тавассути он пул кор кардан имкон дорад.
Мо дар миёни корбарони фаъол, ки дар гурӯҳҳои фейсбукӣ зиёданд, пурсиш гузаронидем. Дар бораи бозии Hamster Kombat корбарон назари мухталиф доштанд, ҷавоби онҳоро аз рӯйи мазмун ба ду гурӯҳ ҷудо кардем.
Гурӯҳи якум: “Бозии зараровар ва вақткуш”
Корбари Фейсбук Неъмат Мирзоев дар шарҳ ба саволи мо навишт, ки ангуштони одамони зиёд аз ҳисоби экрани телефонро задан “пӯст партофт”. Ҳеҷ не, ки ин бозӣ тамом шавад.
“Hamster Kombat дарди як мардуми Тоҷикистон нест. Инро кӯдакону калонсолони давлатҳои дигар низ бозӣ карда истодаанд. Оқибаташ ба хайр бошад”,- гуфт ӯ дар саҳифаи Фейсбук.
Малика Солиҳова, корбари дигар изҳори нигаронӣ мекунад, ки ҳеҷ гоҳ ашхоси калонсолро, ки дӯстдори бозиҳоянд, намефаҳмид.
“Оё дуруст аст, ки вақти қимати худро барои бозӣ нест кунем. Шахсан худам ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳам, ки фарзандон бо ин хел бозиҳо банд шаванд”,- навишт Малика.
Юлия ном корбари шабакаҳои иҷтимоӣ менависад, ки худи ҳозир хабаре хонд, ки дар вилояти Тюмени Русия хонандаи синфи 8-ум аз бозии зиёд дар Hamster Kombat ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ (психиатрическая больница) бистарӣ шуд.
Оламафрӯз Абдуллоев бозии Hamster Кombat-ро вабои нави аср номид. Ба гуфтаи ӯ, бозӣ дар ҷаҳон маъмул шуда истодааст.
“Аз 7-сола то 70-сола рӯйи телефонҳои худ ангушт мезананд. Натиҷааш бехобӣ, асабонӣ шудан ва аз дигар корҳои муҳим дур мондан аст. Хатари асосӣ ин аст, ки ҷавонон барои соҳиб шудан ба даромади муфт умед мебанданд”,- афзуд ӯ.
Гурӯҳи дуюм: “Hamster Kombat – бозиест, ки шояд аз он пул кор кунем!? ”
Корбари дигари шабакаҳои иҷтимоӣ, Назриддин Давлатов як моҳ боз дар Hamster Kombat бозӣ мекардааст ва то имрӯз 8 миллион “танга” ҷамъ овардааст.
“Бар ивази “танга”-ҳо пул медода бошанд? Зӯр зада бозӣ карда истодаем, аммо мегӯянд, ки ҳамааш дурӯғ аст”,- навишт ӯ бо шубҳа.
Олимҷон Қурбонов бар ин бовар аст, ки бозиии Hamster Kombat-ро дар тамоми дунё истифода бурда истодаанд.
“Фикр мекунам, ки ин бозӣ хуб аст. Мардум бо умед ба он даромада, пул кор карданиянд. Бозии Notcoin ҳақиқат дошт, шоҳиди ба даст овардани маблағ аз он шудаам”,- фикрашро тақвият дод ӯ.
Ҳофиз Ҳасанов ҷавони тоҷикест, ки дар шаҳри Дубай зиндагӣ ва кор мекунад. Ӯ мегӯяд, то ҳол ягон ҷиҳати бадии бозии Hamster Kombat-ро надидааст.
“Фақат “танга” ҷамъ мекунед. Баъд онҳоро мефурӯшед. Вақте дар биржа нархи онҳо аниқ шавад, мисли бозиии Notcoin пул кор кардан имконпазир мешавад. Ду ҳафта пеш бозиро сар кардам. Интизорам, ки охир чӣ мешуда бошад. Дар бораи он ки ин бозӣ ҳаром аст, ё ҳалол чизе намедонам. Чунки ҳозир ҳоҷию муллоҳо низ бо он бозӣ доранд”,- менависад ӯ.
Ворисшоҳи Умрибой ба ин бовар аст, ки гӯё ташкилкунандаҳои бозии Hamster Kombat гуфтаанд, моҳи июли соли ҷорӣ имкон пайдо мешавад, то бозингарон “танга”-ҳои ҷамъ кардаашонро ба пул табдил диҳанд.
“Як моҳ аст бозӣ мекунам. Дар ин вақт 100 миллион “танга” ҷамъ кардам. Дар як соат бозӣ ба таври автоматӣ бароям 800 ҳазор “танга” илова мешавад. Яъне, айни замон ман дар як рӯз 14-15 миллион “танга” ҷамъ мекунам. Бозӣ қонун ва қоидаҳои худро дорад. Ҳар нафаре, ки сатҳи бозии худро баланд бардошт, метавонад “танга”-ҳои ҷамъкардаашро ба пул табдил диҳад. Албатта, на ҳамаи истифодабарандагон метавонанд, ки тангаҳои худро ба пул табдил диҳанд”,- шарҳ дод ӯ.
Мутахассис: “Ба маълумоти шахсӣ дастрасӣ надиҳед!”
Рустам Гулов коршиноси саводи расонаӣ гуфт, бозии Hamster Kombat дар назари аввал чизи ҷолиб менамояд. Он талаботи муайян дорад, аз ин рӯ, эҳтимоли ба бозор баромаданаш ҳам зиёд аст.
“То ҷое медонам, бозии мазкур хатари зиёд надорад. Ба ҳар ҳол, ҳаракат бояд кард, ки ба бозӣ иттилооти шахсиро дастрас насозем. Боз дурусттар мешавад, агар дар ин мавзӯъ ба коршиносе, ки бо криптовалюта сарукор дорад, арз кунед”, – гуфт ӯ .
Зимнан, бо Нозимҷон Раҷабов коршиноси масоили молиявӣ, ки дар низоми бонкдорӣ таҷрибаи корӣ дорад, дар тамос шудем. Ӯ гуфт, дар бораи маъруфият пайдо кардани бозии Hamster Kombat огоҳӣ дорад. Аммо аз он истифода намебарад ва маълумоти пурра ҳам надорад.
“Чунин бозӣ ҳеҷ гоҳ роҳи пулкоркунӣ шуда наметавонад. Ба бозӣ банд шудан маънои онро дорад, ки вақти қимати худро беҳуда сарф мекунед. Зарур аст, ки аз ҷиҳати молиявӣ малакаҳои шахс, хоса, наврасонро ташаккул диҳем. Онҳоро бо мафҳумҳои асосӣ ва воситаю усулҳои муосири молиявӣ шинос кардан ба фоидаи кор аст”,- афзуд ӯ.
Номуайянӣ ва нобоварӣ ба бозӣ
Зинҳор Насрӣ, яке аз барномасозони ҷавони тоҷик низ ба бозии Hamster Kombat нигоҳи шубҳаомез дорад. Ӯ мегӯяд, аввали соли ҷорӣ дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар бораи эҳтимолияти пул кор кардан аз бозии Notcoin маълумот дода буд. Ба таври ғайриинтизор, моҳи майи соли равон корбарон тавонистанд, ки тавассути ин бозӣ пул кор кунанд.
“Вақте аксарият диданд, ки аз бозии Notcoin пул кор кардан имкон дорад, ба ҳадде боварӣ пайдо карданд, ки аз дигар бозиҳо низ дар оянда пул кор кардан мумкин аст. Шахсан худам аз нуқтаи назари техникӣ бар он боварам, ки Notcoin бо ширкати Telegram расман пайвандӣ дошт ва асъори TON-ро низ бароварда буд.
Ҳатто дар рафти бозӣ гуфта мешуд, “probably nothing”, ки маънои “шояд ҳеҷ чиз нашавад”-ро дорад. Баръакс, вақт нишон дод, ки бозингарон “тойкен” (асъори махсуси Telegram) ба даст оварда, пул кор карданд. Ҳамин тариқ, аксарият бар ин гумонанд, ки аз Hamster Kombat ва дигар бозиҳо низ дар оянда пул кор кардан имкон дорад. Лекин созандагони он дар ҳеҷ ҷо нагуфтаанд, ки аз он пул кор кардан имкон дорад”, – шарҳ дод барномасоз.
Зинҳор Насрӣ ин бозиро ба касе тавися намедиҳад ва худаш ҳам бозӣ намекунад.
“Одамон барабас вақт сарф карда, умед мебанданд, ки тангаҳояшонро бо пул иваз мекунанд. Ояндаи худро ба бозӣ вобаста кардан ё ба он дил бохтан аз рӯи хирад нест. Ҳар бозӣ мисли лотерея аст, аммо дар он мардум натанҳо пул, балки вақти зиёдро сарф хоҳанд кард”,- гуфт Зинҳор.
Нигаронӣ аз таъсири манфии бозии шубҳаангез
Темур Султонӣ ҳунарманд ва саркоргардони Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд мебошад. Ӯ чанде пеш дар шабакаи иҷтимоии Instagram навори хурди ҳаҷвӣ (рилс) гузошт, ки муҳтавои он ба дарди бозиҳои имрӯз мӯдшуда гирифтор будани хурду калонро интиқод мекунад.
“Дар рилс бо ҳунармандони навраси театр нақш бозидем. Аслан, идея чӣ гуна пайдо шуд? Имрӯз мебинем, ки чӣ гуна хурду калон ба бозии Hamster Kombat пойбанд шудаанд. Бархе калонсолон ҳам ба доми ин бозӣ, ки ба назар кӯдакона менамояд, ҳавас пайдо кардаанд. Аз аввали моҳи май дӯстонам ин бозиро тариқи Telegram фиристода истодаанд. Ростӣ, нахостам, ки бозӣ кунам.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Мутаассифона, дидам, ки шогирдон ва дигар наздикон чӣ гуна ба бозии мазкур дил бастаанд. Бо он бозӣ карда, рафтани вақту соатро надониста мемонанд. Зеҳну ҳушро ба кори зарурӣ равона карда наметавонанд. Аз зиёд ангуштҳоро болои экран мондан, гӯё мисли “зомби” ё ҳайкале мешаванд. Хостам, бо рилс нишон диҳам, ки ба ин бозиҳо фурӯ рафтан чӣ натиҷа ба бор меорад.
Ба фикрам, дилбохтагони Hamster Kombat саҳар аз хоб хеста, дар бораи чӣ қадар “тангача” ҷамъ шудан фикр мекардагистанд. Аммо маълум нест, ки пагоҳ бо “танга”-ҳои бозингарон чӣ мешавад. Шояд тавассути бозӣ одамонро идора кардан мехоҳанд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар натиҷаи фармонҳои зиёди бозӣ бозингар ба ягон ҷиноят ҳам даст бизанад”,- илова кард Темур Султонӣ.
Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки дар бораи бозии Hamster Kombat, созандагони он ва дурнамои лоиҳаи онҳо маълумоти пурраву расмӣ вуҷуд надорад. Аз он пул кор кардан имкон дорад, ё не? Саволест, ки ҷавоби онро вақт муайян мекунад. Аз корбарон хоҳиш мешавад, ки ҳангоми бозӣ кардан эҳтиёт бошанд ва маълумоти шахсии худро ҳифз кунанд.
Маълумоти бештарро дар бораи бозии Hamster Kombat ба забони русӣ дар ин ҷо ёфта метавонед.
Файзуллохон Обидов, махсус барои Your.tj