fbpx

Бозиҳои Олимпии Париж-2024. 14 варзишгаре, ки Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд

Ба варзишгароне, ки дар ин мусобиқот сазовори зинаҳои ифтихорӣ мегарданд, аз номи раиси шаҳри Душанбе хонаҳои 3, 2 ва 1 ҳуҷрадор дар пойтахт тақдим мешавад.


1
1 point
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Бозиҳои Олимпии Париж-2024. Акс аз varzishtv.tj

26 июли соли равон дар шаҳри Парижи Фаронса муҳимтарин чорабинии варзишии сол – Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ оғоз мегардад. Аз Тоҷикистон 14 варзишгар роҳхатҳои Бозиҳои Олимпии Парижро соҳиб шудаанд.

Ҳар кадоме аз ин варзишгарон таърихи корномаҳои худро доранд. Мо дар ин ҷо дар бораи онҳо маълумоти кӯтоҳ гирд овардем.

Давлат Болтаев

Давлат Болтаев. Акс аз varzishtv.tj

Давлат Болтаев аввалин шуда, роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж -2024-ро аз миёни варзишгарони тоҷик соҳиб шуд.

Муштзани тоҷик Давлат Болтаев моҳи октябри соли 2023 пас аз 17 сол барои Тоҷикистон аз риштаи бокс аз Бозиҳои осиёӣ медали тилло овард ва сазовори роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж-2024 шуд.

Миҷгона Самадова

Миҷгона Самадова. Акс аз varzishtv.tj

Миҷгона Самадова аз аввалин варзишгарони тоҷик буд, ки аз риштаи бокс соҳиби роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж-2024 шуд.

Самадова дар вазни то 57 кг моҳи октябри соли 2023 дар Бозиҳои осиёии Ҳангжоу ба гирифтани нишони биринҷӣ ноил шуд ва ҳаққи иштирок дар Олимпиадаро пайдо кард

Мунира Абдусаломова

Мунира Абдусаломова. Акс аз varzishtv.tj

Мунира Абдусаломова ягона намояндаи Тоҷикистон аз риштаи таэквондо дар Олимпиадаи Париж-2024 аст.

Мунира зери вазни 67 кг моҳи марти соли ҷорӣ дар мусобиқаи интихобӣ дар Чин аз худ дарак дода, муқобили намояндагони АМА ва Қазоқистон пирӯз шуд ва ба финал баромада роҳхат ба Бозищои Олимпиро ба даст овард.

Фаворис Музрапов

Фаворис Музрапов. Акс аз varzishtv.tj

Фаворис Музрапов ягона намояндаи Тоҷикистон аз варзиши сабук дар Олимпиадаи Париж-2024 аст.

Фаворис тариқи квота роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж-2024-ро ба даст овард. Музрапов иштирокчии Чемпионати Ҷаҳон-2023 ва Бозиҳои осиёии Ҳангжоу-2022 буда, таҷрибаи хуби иштирок дар Олимпиадаро дорад .

Виктор Рассадин

Виктор Рассадин. Акс аз varzishtv.tj

Виктор Рассадин ягона намояндаи Тоҷикистон аз гӯштини тарзи озод дар Олимпиадаи Париж-2024 аст.

Паҳлавони 30 солаи тоҷикистонӣ Виктор Рассадин (-74 кг) моҳи май дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии Бозиҳои Олимпӣ-2024 дар Туркия роҳхати олимпиро оид ба гӯштини тарзи озод ба даст овард.

Виктор Рассадин дар бозии ҳалкунанда дар як бархӯрди пуршиддат ва душвор намояндаи Албания Чермен Валиевро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Пеш аз ин Виктор Рассадин бар Вадим Тсуркан аз Украина бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд.

Ёдовар мешавем,ки Виктор Рассадин зодаи Ёқутистони Русия шаҳрвандии варзишии худро соли гузашта иваз кард ва дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ рақобат хоҳад кард.

Виктор Рассадин аз UWW (Ҷаҳони иттиҳодшудаи қуштӣ) иҷозаи расмӣ гирифт, то дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ҷаҳон ва Олимпиадаи соли 2024 ширкат кунад.

Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар Бозиҳои Олимпӣ пас аз 12 сол аз риштаи гӯштин намоянда хоҳад дошт.

Баҳодур Усмонов

Баҳодур Усмонов. Акс аз varzishtv.tj

Баҳодур Усмонов бори дуюм аст, ки аз риштаи бокс дар Бозиҳои Олимпӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Муштзани соҳибноми тоҷик Баҳодур Усмонов (63,5 кг) моҳи марти соли равон дар даври чаҳорякниҳоии якумин мусобиқаи интихобии Бозиҳои Олимпӣ дар Италия муқобили муштзани ҷопонӣ Нишияма Шион бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 3:2 зафар ёфта, роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж 2024-ро ба даст овард.

Пас аз роҳ ёфтан ба Олимпиада Баҳодур Усмонов моҳи июн дар мусобиқаи RCC Boxing Promotions иштирок кард. Баҳодур Усмонов (8-0, 3 КО) муқобили Доуд Алаев (9-0, 5 КО) дар мусобиқаи мазкур ғалаба ба даст овард.

Баҳодур Усмонов барандаи нишони биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс (63,5кг) дар шаҳри Тошканд дар соли 2023, қаҳрамони Осиё оид ба бокс (64кг) дар шаҳри Бангкок дар соли 2019, дукарат барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба бокс (64кг) соли 2021 Дубай-АМА ва соли 2022 (64кг) Амман-Урдун, Иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020, Ғолиб ва ҷоизадори чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба бокси касбӣ ва ғайрикасбӣ ва қаҳрамони ҷандкаратаи Тоҷикистон оид ба бокс мебошад.

Темур Раҳимов

Темур Раҳимов. Акс аз varzishtv.tj

Темур Раҳимов бори дуюм парчамбардори тими олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои Олимпӣ хоҳад буд.

Паҳлавони соҳибноми тоҷик Темур Раҳимов дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпӣ дар Париж парчами мунтахаби Тоҷикистонро хоҳад бардошт. Раҳимов 3 сол пеш дар маросими ифтитоҳ дар Олимпиадаи Токио низ парчамбардори тими олимпии Тоҷикистон буд.

Темур Раҳимов ҳамчун ҷудокори рақами яки ҷаҳон миёни сангинвазнҳо роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж-2024 соҳиб шуд. Мавсуф дар мусобиқаҳои “Сайри ҷаҳонии ҷудо” новобаста ба осеб бардоштанаш, имтиёзҳои лозимиро соҳиб шуда, роҳхати Бозиҳои Олимпиро ба даст овард.

Ҷаҳонгир Маҷидов

Ҷаҳонгир Маҷидов. Акс аз varzishtv.tj

Ҷаҳонгир Маҷидов намояндаи Тоҷикистон аз риштаи ҷудо зери вазни то 100 кг дар Олимпиадаи Париж-2024 аст.

Ҷаҳонгир тариқи квота роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж-2024-ро ба даст овард. Маҷидов бори охир барандаи медали биринҷии Қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Гранд – Слами Душанбе шуда, мақоми ҳафтуми рақобатҳои Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳонро соҳиб гардида буд.

Беҳрӯз Хоҷазода

Беҳрӯз Хоҷазода. Акс аз varzishtv.tj

Беҳрӯз Хоҷазода намояндаи Тоҷикистон аз риштаи ҷудо зери вазни то 73 кг дар Олимпиадаи Париж-2024 аст.

Беҳрӯз охирин дастовардашро дар мусобиқаҳои “Сайри ҷаҳонии ҷудо” дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam-2024 соҳиб гардид. Дар финали мусобиқаи мазкур Беҳрӯз аз Нилс Стампи швейтсарӣ ноком шуда, барандаи нишони нуқра гардида буд.

Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён. Акс аз varzishtv.tj

Комроншоҳи Устопириён бори сеюм Тоҷикистонро дар Бозиҳои Олимпӣ муаррифӣ мекунад.

Комроншоҳи Устопириён аз зумраи варзишгарони муваффақи тоҷик маҳсуб ёфта, бори сеюм аст, ки дар Олимпиада ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ дар риштаи ҷудо зери вазни то 90 кг муаррифгари Тоҷикистон дар Бозиҳои Олимпии Париж-2024 аст.

Комроншоҳ соли 2016 дар Бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейро ва соли 2021 дар Бозиҳои Олимпии Токио-2020 ҳунарнамоӣ карда буд.

Комроншоҳи Устопириён аз зумраи серҷоизатарин варзишгарони тоҷик буда, ду карат қаҳрамони Осиё, барандаи медали нуқраи “Judo Grand Slam Abu Dhabi-2021”, 4 карат қаҳрамони “IJF Grand Prix”, дорандаи нишони биринҷии Бозиҳои Осиёӣ Ҷакарта-2018 мебошад.

Эмомалии Нуралӣ

Эмомалӣ Нуралӣ. Акс аз varzishtv.tj

Эмомалии Нуралӣ намояндаи дигари Тоҷикистон дар Бозиҳои Олимпии Париж-2024 мебошад.

Паҳлавони ҷавони тоҷик Эмомалии Нуралӣ зери вазни то 66 килограмм дар 33-юмин Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж-2024 Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.

Сомон Маҳмадбеков

Сомон Маҳмадбеков. Акс аз varzishtv.tj

Сомон Маҳмадбеков аз умедҳои ҷудои тоҷик дар Бозиҳои Олимпии Париж-2024 маҳсуб мешавад.

Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков яке аз ҷудокорони умедбахши тоҷик зери вазни то 81 кг дар 33-юмин Бозиҳои Олимпии Париж-2024 маҳсуб мешавад.

Дар остонаи Бозиҳои Олимпии Париж-2024 Сомон Маҳмадбеков дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар АМА нишони биринҷии ин мусобиқаро ба даст овард.

Инчунин, ба хотири фаро гирифтани варзишгарони ҳамаи давлатҳо федератсияҳои байналмилалии варзиши сабук ва варзишҳои обӣ ҷойҳои универсалӣ таъсис доданд, ки се варзишгари тоҷик даъват гардид.

Дар шиноварӣ ду нафар – Екатерина Бордачева, Фахриддин Мадкамов ва дар варзиши сабук – Фаворис Музрапов. Шиноварони мо дар масофаҳои кӯтоҳ – 50 ва 100 метр, Фаворис дар дав ба масофаи 100 метр дар Бозиҳои Олимпии Париж-2024 сабқат мекунанд.

Варзишгарони тоҷикро дар Ватан чӣ интизор аст?

Таъкид шудааст, ки варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 сазовори зинаҳои ифтихорӣ мегарданд, аз номи раиси шаҳри Душанбе бо хонаҳои 3, 2 ва 1 ҳуҷрадор дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.

Дар баробари ин, ба медалдорони Бозиҳои олимпӣ Ҷоизаи президенти Тоҷикистон тақдим мегардад. Барои медали тилло – 300 ҳазор сомонӣ, медали нуқра – 250 ҳазор ва медали биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ. Ҳамчунин, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023 ба ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдолимпӣ то охири умр ҳар моҳ маош дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Парижи Фаронса аз 26 июл то 11 августи соли 2024 баргузор мегардад.

Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10 ҳазору 500 варзишгар аз 206 давлати дунё дар назар аст. Варзишгарон барои 329 маҷмуи медалҳо байни ҳам мубориза мебаранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend