fbpx

Бозгашти “лимит”: Аз имрӯз дар Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ карда шуд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-4
-4 points
Лимит бозгашт

Дар Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ карда шуд

Сар аз 5 январ, аз соати 23:00 дар деҳоти Тоҷикистон, ки биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ вуҷуд надорад, интиқоли нерӯи барқ ​​қатъ хоҳад шуд, хабар медиҳад Азия-Плюс бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати кишвар.

Маҳдудият ҳамарӯза аз соати 23 то 6 субҳ давом мекунад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин ба 4 метр паст шудани сатҳи оби обанбори НБО Норак нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта вобаста аст.

Манбаъ нагуфтааст, ки лимит то кай давом мекунад. Манбаъ ба Азия-Плюс итминон додааст, ки имрӯзҳо Тоҷикистон нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя содир намекунад.

“Сармои сибирӣ” то охири ҳафта дар Тоҷикистон идома мекунад

Ҳавои сард ва “сармои сибирӣ” дар Душанбе ва навоҳии атрофи он то рӯзи 8- уми январ идома хоҳад кард. Тоҷикистонро дар чанд рӯзи ахир сармои шадид фаро гирифтааст.

Бино ба иттилои Маркази обу ҳавошиносии кишвар, ин “сармои сибирӣ” аст, ки “аз ғарби Сибир тариқи Қазоқистон вориди Тоҷикистон шудааст”.

Ҷамила Байдуллоева, масъули Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯзи ахир дар Душанбе ҳаво то 3 дараҷа сард аст ва эҳтимол дорад ин сардӣ рӯзҳои наздик ба як то ду дараҷа бирасад.

Ба гуфтаи хонум Байдуллоева, туманфароӣ ва барфрезӣ дар баъзе аз минтақаҳо то 6-уми январ идома хоҳад кард.

Интизории Тоҷикистон аз кумаки ИА барои дастгирии табибон

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои амалисозии Барномаи рушди тандурустӣ аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) кумаки молиявӣ дастрас намояд.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи декабр бо фармони худ ба муовини якуми сарвазири кишвар Давлаталӣ Саид дастур дода буд, ки лоиҳаи созишномаи дахлдорро дар ин хусус бо Иттиҳоди Аврупо ба имзо расонад.

Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба мувофиқаи сана ва макони имзои созишномаи мазкур уҳдадор мешавад.

Матни лоиҳаи созишнома, ки дар он маблағи кумаки мегирифта зикр мешавад, аз ҷониби Пойгоҳи мутамаркази қонунгузории Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр нашудааст.

Моҳи апрели соли гузашта Иттиҳоди Аврупо изҳор дошта буд, ки ният дорад, то 48 миллион евро дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ ҳамчун кумак ба Тоҷикистон дар бароварда сохтани ниёзҳои мубрам ва костани паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 пешниҳод кунад.

Тоҷикистонро дар World Masters 3 паҳлавон намояндагӣ мекунанд

Дар шаҳри Доҳаи Қатар рӯзҳои 11-13 январ мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон (World Masters) баргузор мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа дар асоси даъватномаи Федератсияи байналмилалии ҷудо, тибқи радабандии ҷаҳонӣ 36 нафари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, ҷумҳурии моро дар мусобиқаи мазкур 3 нафар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) муаррифӣ мекунанд. Дар радабандии ҷаҳонии ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар ҷои 14-ум, Беҳрӯз Хоҷазода дар ҷои 17-уми вазни -73кг мавқеъ доранд. Темур Раҳимов бошад, дар вазни +100кг дар ҷои 30-юм қарор гирифтааст.

Тибқи маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа иштироки 396 варзишгар (214 мард, 182 зан) аз 70 давлати дунё дар назар аст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-4
-4 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
4
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend