Бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия

Онҳо аз занон, наврасон ва кӯдакони хурдсол иборатанд, ки аксарияташон ҳамсару фарзандони ҷангҷӯёни тоҷикистонии узви ДИИШ мебошанд.


Шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Сурия ба ватан баргардониданд

Акс аз ВКХ Тоҷикистон

Гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон иборат аз 104 нафар (29 оила), дирӯз, 21-уми май аз Ҷумҳурии Арабии Сурия дар ҳавопаймои махсус ба ватан баргардонида шуданд. Ба иттилои ВКХ Тоҷикистон ин гурӯҳ аз занон, наврасон ва кӯдакони хурдсол иборатанд.

Онҳоро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Матлубахон Сатториён, муовини сарвазири Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Акс аз ВКХ Тоҷикистон

Ҳамчунин панҷ шаҳрванди Қазоқистон (як зан ва чор фарзанди ӯ) низ бо дархости ин кишвар аз Сурия бароварда шуданд.

Тавре дар иттилои ВКХ оварда шудааст, раванди баргардонидани тоҷикистониёне, ки дар лагерҳои гурезагони Ироқу Сурия қарор доранд ҳанӯз се сол қабл бо дастури Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда буд.

Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Кувайт давоми ин муддат дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Сурия ҷиҳати амалисозии ин иқдоми башардӯстона ба натиҷаҳои амалӣ даст ёфт, гуфта мешавад дар хабар.

Тобистони соли гузашата низ 146 нафар (24 зан ва 122 кӯдак) шаҳрвандони Тоҷикистон аз қароргоҳҳои паноҳандагони Сурия ба ватан баргардонида шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки вазорат барои баргардонидани беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон аз Ироқ талош дорад.

Бояд зикр кард, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аксарияташон занону кӯдаконанд, бештари маврид зану фарзандони ҷангҷӯёни тоҷикистонии узви ДИИШ ҳастанд, ки баъди нобудсозии ин гурӯҳи террористӣ дар урдугоҳҳои махсус дар қаламрави Сурия ва Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд.