fbpx

Боздошти зане дар Шаҳристон барои ташкили фоҳишахона

Ӯро ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол интизор аст.


0
Боздошти зане барои ташкили фоҳишахона
Акси марбута аз интернет

Кормандони милитсия дар ноҳияи Шаҳристон зани 41-солаи сокини ин ноҳияро дастгир кардаанд, ки ба ташкили фоҳишахона гумонбар мешавад. Дар ин бора ВКД хабар медиҳад.

“Гумонбаршаванда, аз 3-юми январи соли 2023 то 16-уми декабри соли 2023, хонаи истиқоматии марди 38-солаи сокини ҳамин ноҳияро ба иҷора гирифта, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 34 ва зани 46-солаи сокинони ноҳияи Шаҳристон шароит муҳайё намуда, бар ивазаш 600 сомонӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст”,- менависад манбаъ.

Номи ин зан ифшо нашудааст, вале гуфта мешавад, ӯ қаблан низ соли 2014 бо моддаи 239 (Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ) қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Нисбати гумонбаршаванда ин бор низ бо моддаи 239 қисми 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Тибқи ин банди кодекс гумонбаршаванда бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend