Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:0917.01.2024
Кормандони милитсия дар ноҳияи Шаҳристон зани 41-солаи сокини ин ноҳияро дастгир кардаанд, ки ба ташкили фоҳишахона гумонбар мешавад. Дар ин бора ВКД хабар медиҳад.
“Гумонбаршаванда, аз 3-юми январи соли 2023 то 16-уми декабри соли 2023, хонаи истиқоматии марди 38-солаи сокини ҳамин ноҳияро ба иҷора гирифта, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 34 ва зани 46-солаи сокинони ноҳияи Шаҳристон шароит муҳайё намуда, бар ивазаш 600 сомонӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст”,- менависад манбаъ.
Номи ин зан ифшо нашудааст, вале гуфта мешавад, ӯ қаблан низ соли 2014 бо моддаи 239 (Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ) қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Нисбати гумонбаршаванда ин бор низ бо моддаи 239 қисми 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Тибқи ин банди кодекс гумонбаршаванда бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
2 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
2 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
4 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
5 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
5 дня назад