fbpx

Боздошти сокини Турсунзода бо гумони сӯиқасд ба собиқ хушдоманаш

Гумонбаршаванда 5 маротиба ба бадани хушдоманаш корд задааст.


0
Як сокини 27-солаи шаҳри Турсунзода бо гумони сӯиқасд ба ҷони хушдоманаш дастгир шудааст.
Ғайрат Қузимуродов, гумонбаршаванда. Акс: намогирифт аз "Ахбори ВКД"

Як сокини 27-солаи шаҳри Турсунзода бо гумони сӯиқасд ба ҷони хушдоманаш дастгир шудааст. Гумонбаршаванда хушдоманашро ба вайрон шудани оилааш сабабгор дониста, қасди куштани ӯро кардааст.

Тавре дар гузориши барномаи “Ахбори ВКД” хабар медиҳанд, ҳодиса дар ҷамоати Туйчиеви ш. Турсунзода ба амал омадааст.

Ғайрат Қузимуродови 27-сола, ки гумонбар дониста мешавад, шаби 20 сентябр, тахминан соати 23:30 бо корд, дар рӯй ниқоб кашида, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани Муҳаббат Эшбуриева, вориди манзили истиқоматии ӯ мешавад.

“Ҳангоме ки Муҳаббат Эшбуриева бо ду набераи хурдсолаш хоб буд, гумонбаршаванда 5 маротиба ба бадани ӯ корд мезанад. Кӯдакон аз хоб бедор шуда, аз тарс доду фиғон мекунанд. Дигар аъзоёни оила низ аз ин ҳодиса огоҳ мешаванд”,- гуфта мешавад дар гузориш.

Гумонбаршаванда аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Ҷабрдида аз зарбаҳое, ки ба узвҳои ҳаётан муҳимаш расидааст, аз ҳуш рафта, танҳо дар беморхона ба худ меояд.

Гуфта мешавад, Ғайрат Қузимуродов соли 2018 бо духтари ҷабрдида хонадор шуда буд. Бо сабаби бефарзандӣ байни онҳо баҳсу муноқиша сар зада, аз ҳамдигар ҷудо мешаванд ва ҳамсари собиқи гумонбар бо шахси дигар оиладор мешавад.

Ғайрат Қузимуродов аз ин ба ғазаб омада, дар вайрон шудани оилааш модари ҳамсарашро гунаҳгор медонад. Бо қасди куштани хушдомани собиқаш шабона вориди манзили ӯ мешавад.

Прокуратураи ш. Турсунзода тибқи моддаҳои 147 қисми 2 (ғайриқонунӣ ворид шудан ба манзил), 32 қисми 1 ва 104 қисми 1 (қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, ки боиси ҷароҳат бардоштани шахс мегардад) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишот аз рӯи он идома дорад.

Гумонбаршавандаро аз 8 то 15 соли зиндон интизор аст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend