Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:3717.07.2023
Як сокини 30-солаи ноҳияи Фархор ба гумони қаллобӣ дастгир шудааст. Ӯ аз ду сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ваъдаи фиристодан ба зиёрати Ҳаҷ маблағи калони пулӣ ба андозаи 180 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад. Номи шахси гумонбар ошкор нашудааст.
“Номбурда моҳи январи соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 27-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ даромада, аз ӯ 109 ҳазору 934 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки падару модари ӯро ба ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ равон мекунад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст”,- менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, гумонбар такроран бо ҳамин роҳ моҳи июни соли 2023 ба боварии марди 67-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, даромада, аз ӯ 70 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки ӯро ба ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ равон мекунад. Ҳамин тавр, ӯро низ фиреб додааст.
Мақомот мегӯянд, тафтишот аз рӯи ин ҳодисаро идома медиҳанд.
Аввали моҳи июл ВКД аз боздошти ду сокини Шаҳринав хабар дода буд, ки ба фиреби 60 нафар бо ваъдаи фиристодан барои зиёрати Ҳаҷ гумонбар мешуданд. Ба гуфтаи ин ниҳод, онҳо аз ҳар кадоме панҷуним ҳазор долларӣ гирифта, вале ба ваъдаашон вафо накардаанд.
Солона аз Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор нафар барои адои маносики Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Маблағи сафари Ҳаҷ аз Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз гаронтаринҳост.
Читайте также
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
11 часов назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
12 часов назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
4 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
8 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
11 дня назад