fbpx

Боздошти сокини Душанбе бо гумони латукӯб ва таҷовуз

Баъди анҷоми амалҳои зӯроварии хусусияти шаҳвонӣ дошта нисбати ҷабрдида, ӯ зани беҳушро партофта, ба Душанбе баргаштааст.


1
1 point
Боздошти сокини Душанбе бо гумони таҷовуз
Намогирифт аз гузориши "Ахбори ВКД"

Марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе ба латукӯб ва таҷовуз ба номуси зани 41-сола гумонбар мешавад. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД”, рӯзи 27 март хабар дод.

Гуфта мешавад, 9 марти соли равон зани 41-солаи сокини шаҳри Душанбе ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросон дар бораи латукӯб ва таҷовуз шуданаш аз ҷониби ронандаи ношинос муроҷиат кардааст.

“Гурӯҳи тафтишотӣ ба зудӣ тавонист тамға, рақами мошин ва шахсияти ронандаро муайян кунад. Абдуқодир Каримови 39-сола, сокини шаҳри Душанбе, падари 5 фарзанд, ки қаблан барои авбошӣ суд шудааст, бо гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят дастгир карда шуд”, – омадааст дар хабар.

Тафтиш муайян кардааст, ки Каримов рӯзи 9 март бо мошини тамғаи “Хундай Соната” “барои қонеъ кардани нафси шаҳвонияш” ба зане, ки аз назди бозори “Саховат”-и пойтахт ба Бохтар рафтанӣ буд, пешниҳод кардааст, ки ӯро бо нархи арзонтар мебарад.

“Ҳангоми расидан ба деҳаи Ҳисорободи ноҳияи Хуросон, Каримов аз роҳи асосӣ баромада, дар ҷои торику беодам таваққуф мекунад. Сипас, барои қонеъ намудани нафси шаҳвонияш ҷабрдидаро латукӯб карда, бо истифодаи зӯроварӣ ба номусаш таҷовуз кардааст”, – гуфта мешавад дар гузориши ВКД.

Гумонбаршаванда дар рафти гузориш амалҳои худро муфассал шарҳ додааст.

“Мошинро дар ҳамин ҷо манъ кардам. Баъд аз он баромада, дари занро кушодам. Ба рӯи вай тақрибан ду маротиба бо мушт задам”,- мегӯяд ӯ дар шарҳ.

Каримов дар посух ба суоли корманди милитсия дар бораи он ки бо кадом мақсад ҷабрдидаро ба ин ҷо овардааст, посух медиҳад, ки “Ман ӯро барои таҷовуз кардан овардам”…

Ба гуфтаи ВКД, баъди анҷоми амалҳои зӯроварии хусусияти шаҳвонӣ дошта нисбати ҷабрдида, ӯ зани беҳушро дар ҳамон ҷо партофта, ба Душанбе баргаштааст.

Дар бораи он ки зан чӣ гуна ба шуъбаи милитсия рафта муроҷиат кардааст, дар гузориш гуфта нашудааст.

Нисбати Абдуқодир Каримов бар асоси моддаҳои 138 (таҷовуз ба номус) ва 139 (амалҳои зӯроварӣ дорои хусусияти шаҳвонӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷинояӣ боз шудааст.

Бар асоси омори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар чанд соли ахир теъдоди таҷовуз ба номус дар кишвар афзоиш ёфтааст. Дар соли 2023 дар Тоҷикистон 47 мавриди таҷовуз ба номус ва соли 2022 37 ҳодиса сабт шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend