Дар Душанбе се нафар барои расонидани хабарҳои бардурӯғ ва фиребгариву қаллобӣ боздошт шудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт хабар дод.
Кормандони милитсия муайян намудаанд, ки аз хориҷи кишвар як гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ, ба ин кор машғуланд ва се нафари онҳо дар Душанбе дастгир карда шуданд.
Ба иттилои мақомот, ин гурӯҳ рақамҳои телефони мобилии шаҳрвандонро дастрас намуда, ба онҳо дар бораи ба садама ва дигар фоҷиа гирифтор шудани фарзандонашон хабарҳои бардурӯғ мерасонидаанд. Ҳамин тариқ, ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо гӯё барои табобати фарзандонашон мабағҳои калони пулӣ талаб кардаанд.
“Ин гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ, аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон нафарони алоҳидаро барои интиқол додани маблағҳои пулӣ вазифадор намудаанд”,- хабар медиҳад манбаъ.
Тавре милитсияи пойтахт хабар медиҳад, Фарҳод Мамараимови 32-сола ва Рустам Шарофиддинови 33-сола сокинони шаҳри Душанбе боздошт гардидаанд, ки бо ин гурӯҳи ҷиноятӣ дар тамос шуда, ба ҳайси интиқолдиҳанда ё курер ба онҳо ёрӣ мерасонидаанд. Номбурдагон аз се шаҳрванд беш аз 40 ҳазор долларро қабул намуда, тавассути ҳамёни электронӣ ба хориҷи кишвар интиқол додаанд.
Ҳамчунин, Амина Акобироваи 23-сола, истиқоматкунандаи шаҳри сокини пойтахт дастгир карда шудааст. Ӯ низ дар се ҳолат аз ҷабрдидагон дар умум зиёда аз 22 ҳазор долларро гирифта, ба хориҷи кишвар фиристодааст.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандонро огоҳ месозад, ки ба ҳар гуна зангҳои афроди ношинос ва хабарҳои бардурӯғи онҳо бовар накунанд. Агар бо чунин шакл мавриди фиреби ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ қарор гирифтаанд, ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.