Се корманди шабакаҳои барқи ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони азхудкунии маблағҳои пардохтии аҳолӣ барои қувваи барқ боздошт гардиданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, як нозири барқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз сокинони деҳаи Қизил Байрақ беш аз 58 ҳазор сомонӣ ҷамъ намуда, танҳо 8 ҳазору 797 сомониро ба ҳисоби ташкилот ворид карда, боқимонда 49 ҳазору 953 сомониро ба манфиати шахсӣ истифода кардааст.
Инчунин, роҳбари тиҷоратии “Шабакаҳои барқ” ва нозири барқи ноҳияи А.Ҷомӣ бар он гумонбар мешаванд, ки бо маслиҳати пешакӣ аз 68 муштарӣ 70 ҳазору 661 сомонӣ ҷамъоварӣ карда, 32 ҳазору 774 сомонии онро ба манфиати худ истифода бурдаанд.
Нисбат ба боздоштшудагон бо қисми 2 моддаи 245-и Кодекси ҷиноятӣ (азхудкунӣ ё исрофкорӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.