logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Боздошти мураббии кӯдакистон баъди марги як кӯдак дар Душанбе

Як писарбачаи 2-сола аз ошёнаи дуюми рахти хоб афтида, аз гарданаш дар панҷараи рахти хоб овезон шуда ба ҳалокат расидааст.

Your tj

09:4322.05.2025

Боздошти мураббии кӯдакистон баъди марги як кӯдак дар Душанбе

Як зани 29-сола дар шаҳри Душанбе, ки ҳамчун мураббӣ дар кӯдакистони “Саволу ҷавоб” кор мекард, баъди марги яке аз кӯдакон дар ин муассиса, бо гумони “иҷрои номатлуби уҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак” дастгир карда шуд.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Манбаъ менависад, 19-уми май, тахминан соати 13:05, гумонбаршаванда дар вақти хоби кӯдакон онҳоро танҳо гузоштааст. Як писарбачаи 2-сола аз ошёнаи дуюми рахти хоб афтида, аз гарданаш дар панҷараи рахти хоб овезон шуда ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, гумонбаршаванда аз моҳи майи соли 2023 дар кӯдакистони хусусии ҶДММ “Саволу ҷавоб”, бе фармон дар вазифаи ёвари мураббӣ кор карда, муддати 120 рӯз ғайриқонунӣ уҳдадориҳои онро иҷро намудааст.

Баъдан, 1-уми сентябри соли 2024, дар асоси фармони роҳбари кӯдакистони мазкур гумонбаршаванда ба ҳайси муаллимаи кӯдакистони мазкур таъйин гардида, аз моҳи апрели соли равон ба вазифаи мураббии гурӯҳи хурдсолони то 3-сола шифоҳӣ таъйин шуда будааст.

Ба иттилои ВКД, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

8 часов назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

1 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

1 дня назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

5 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

9 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ