Боздошти муовини раиси шаҳри Кӯлоб бо гумони “қаллобӣ” ва “суистифода аз ваколатҳои мансабӣ”

Сафири Афғонистон аксҳои  вазъи шаҳраки паноҳандагони Афғонистон дар Тоҷикистонро нашр кард

Сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар бо нашри чанд акс дар саҳфаи Фейсбукаш аз вуҷуди як шаҳраки хаймаҳои паноҳандаҳои шаҳрвандони Афғонистон дар яке аз нуқтаҳои марзии Тоҷикистону Афғонистон хабар дод.

Сафири Афғонистон навиштааст, ки рӯзи панҷшанбеи 17-уми саратони 1400 (8-уми июли 2021) бори дувум ба дидани вазъияти шаҳрвандони Афғонистон, ки аз ваҳшати “Толибон” аз вулусволиҳои Бадахшон ба хоки Тоҷикистон паноҳанда шудаанд, ба манотиқи сарҳадии Тоҷикистон рафт.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи вуҷуди ин шаҳраки хаймаҳо дар яке аз нуқоти марзӣ чизе нагуфтаанд. Дар аксҳои нашркардаи сафир дида мешавад, ки хаймаҳои зиёде дар яке аз нуқоти марзӣ ҷо ба ҷо шудаанд ва сафири шумораи онҳоро ҳазор нафар гуфтааст.

Ҳарчанд сафири Афғонистон нагуфтааст, ки ин кадом минтақаи сарҳадии Тоҷикистон аст, вале таъкид кардааст, ки дар ин шаҳраки хаймаҳо бо паноҳҷӯён суҳбат кардааст.

Сафири Афғонистон навиштааст, ки ба мардум итминон додааст, ки вазъият тағйир мекунад ва онҳо ба хонаҳояшон бармегарданд.

Зоҳири Ағбар навиштааст, ки дар ин мулоқоташ бо паноҳҷӯёни кишвараш “аз мардуми дӯст ва бародари Тоҷикистон сипосгузорӣ намуда, ки ҳамворӣ дар чунин шароити сахт ва душвор оғӯши худро барои бародаронашон аз Афғонистон боз нигаҳ доштааст. Мардуми Афғонистон ҳеч гоҳе ҳамкорӣ ва меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистонро фаромӯш нахоҳанд кард”.

Муовини раиси шаҳри Кӯлоб боздошт шудааст

Зидди Сӯҳроб Раҳимов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ – “қаллобӣ” ва “суистифода аз ваколатҳои мансабӣ” – парванда кушодаанд, вале тафсилоти айбнома дастрас нест. Ӯ рӯзи 5-уми июли имсол дар маҳалли кор дастгир шуда, феълан таҳқиқи парвандааш аз сӯйи додситонии минтақа идома дорад. Назари пайвандону вакили дифоаш ба қазия маълум нест, хабар додааст Радиои Озодӣ дар такя ба манобеаш дар Додситонии минтақаи Кӯлоб.

Сӯҳроб Раҳимов соли гузашта муовини раиси ҳукумати Кӯлоб дар умури сохтмон таъин шуда буд. Боздошти ӯ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки нашрияи мустақили “Пайк” моҳи декабри соли 2020 Раҳимовро барои ба тиҷорат машғул шудану насупоридани ҳаққи истифодаи барқ танқид кард.

Ҳоло дақиқ нест, ки боздошти ӯ ба ин баҳс бастагӣ дорад ё ҳодисаи дигаре дар миён аст. На мақомот ва на пайвандонаш тафсилот намедиҳанд.

Дар солҳои охир ин дуюмин мансабдори баландпоя дар ҳукумати Кӯлоб аст, ки бо иттиҳоми қаллобӣ ва суистифода аз мансаб дастгир мешавад. Баҳром Иноятзода, раиси пешини Кӯлоб, моҳи июни соли 2020 дастгир ва ба дувоздаҳ сол зиндон маҳкум шуд.

Гумонбар ба қатли духтари ҳаштсоларо дар ҷойи ҳодиса бозпурсӣ кардаанд

Пас аз панҷ рӯзи қатли Руфейда Иноятоваи 8-сола гумонбари асосӣ ба муфаттишон нишон додааст, ки чӣ гуна ҳодиса иттифоқ афтод, вале маълум нест, таҳти чӣ шароит суҳбат кардааст. Руфейда рӯзи 4-уми июл дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ нопадид шуд. Наздиконаш гуфтанд, баъд аз як рӯз ҷасади сар аз тан ҷудои ӯро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя ёфтанд.

Дар қатли ӯ Раҳматулло Гадоеви 30 сола гумонбар аст. То ин дам пайвандони ӯ дар бораи ҳодиса суҳбат намекунанд. Валиҷон Иноятов, падари Руфейда, рӯзи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бозпурсии гумонбар дар маҳалли ҳодиса рӯзи панҷшанбе сурат гирифт, вале ба онҳо иҷозат надоданд, ки ба ӯ наздик шаванд.Мақомоти милиса ба ҷуз аз хабари боздошти гумонбар ҷузъиёт намедиҳанд.

Қатли духтари 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ садҳо корбари шабакаҳои иҷтимоиро нигарон кардааст. Онҳо талаб доранд, ки гунаҳкор ҷазои сахт гирад ва айни замон муҷозот барои озори ноболиғон шадидтар шавад. Мақомот мегӯянд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Тавре Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, чанде пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири ин кишвар Лю Бинро ба ҳузур пазируфт, дар ҷараёни мулоқот рафти омодагӣ ба ин сафар баррасӣ шуд. Гуфта мешавад, дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуданд.

Сафари Ван И ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷиии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки 13-14 июл дар Душанбе дар назар аст, сурат мегирад.

Қирғизистон аз кушта шудани як сарбозаш дар марз хабар дод, Тоҷикистон аз захмиён гуфт

Мақомоти Қирғизистон 9-уми июл гуфтанд, ки дар натиҷаи тирпарронии як рӯз пеш дар марз бо Тоҷикистон сарбози 27-солаи ин кишвар, Ҳусниддин Ҳоҷиев, кушта шудааст. Қаблан Тоҷикистон дар бораи захмӣ шудани ду сарбози қирғиз хабар дода буд.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 8-уми июл рӯй дод. Ҳарду тараф сабабҳои сар задани онро ба тарзҳои гуногун шарҳ медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки сарбозони Қирғизистон марзро ғайриқонунӣ гузашта, аввал тир кушоданд ва сипас дар тиркушоии ҷавобӣ кушта шуданд. Тарафи Қирғизистон иддао дорад, ки сарбозонаш ҳангоми хидмат ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 9-уми июл эълон кард, ки дар чӣ шароит кушта шудани сарбоз Ҳусниддин Ҳоҷиевро таҳқиқ мекунад. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, “тибқи иттилои пешакӣ, аз ҷониби Тоҷикистон низ кушташудагон ва захмиён ҳастанд”, аммо ҷониби Тоҷикистон дар ин бора то кунун иттилоъ надодааст.

Ширкати “Сибир” парвози ҳавопаймоҳояшро аз Душанбе ба Владивосток бас кард

Ширкати “Сибир” (S7 Airlines) хабар дод, ки парвози ҳавопаймоҳои худро аз Душанбе ба Владивосток бас мекунад. Намояндагонаш сабаби ин тасмимро ба “напӯшондани хароҷот” рабт доданд.

Ду моҳи охир ҳавопаймоҳои ширкати “Сибир” дар масири Душанбе – Владивосток парвозҳои чартерӣ анҷом медоданд. Масъулини ширкат дар суҳбат бо хабаргузориҳои русӣ гуфтаанд, ки нархи таъинкардаи Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон харҷи парвозҳоро намепӯшонад.

“Муҳлати парвоз аз Душанбе то Владивосток 7,5 соат ва вақти парвоз аз Душанбе то Екатеринбург 2,5 соат аст. Номумкин аст, ки барои ҳарду хатсайр нархи якхела ҷорӣ шавад”, — гуфтааст намояндаи ширкати “Сибир”.

Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон моҳи майи имсол ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ дастур дод, ки нархи билети парвоз аз Тоҷикистон ба Русияро аз 500 доллар зиёд нафурӯшанд. Тасмими Оҷонсӣ дар пайи норозигии мусофирон гирифта шуд, ки гуфтанд, нархи билетҳо то 15 ҳазор сомонӣ аст.

Тафсилоти ғарқшавии 4 мактабхон дар Истаравшан

Додситонии шаҳри Хуҷанд тафсилоти ғарқ шудани чаҳор мактабхони истаравшанӣ дар дарёи Сир, дар Хуҷандро шарҳ дод.

Ба иттилои додситонӣ гурӯҳе аз хонандагони мактаби рақами 60-и Истаравшан бо ду омӯзгор ва мудири мактаб барои саёҳат ба Хуҷанд омада, чаҳор нафари онҳо зимни шиноварӣ дар дарёи Сир ғарқ мешаванд.

Додситони шаҳри Хуҷанд, Авазҷон Назарзода дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ному насаби ду роҳбари синф ва директор маълум аст, вале то анҷоми тафтишот ифшо намекунанд. Ҳоло додситони шаҳри Хуҷанд, таҳқиқи ин қазияро шахсан худаш ба даст гирифтааст, ҳарчанд то кунун парванди ҷиноӣ боз нашудааст.

Ӯ гуфт рӯзи 7-уми июл 23 нафар хонандаи синфҳои 6 ва 9, ки дар миёнашон духтарон низ будаанд, бо роҳбарии мудир ва ду роҳбари синф дар як автомашинаи “Газел” барои саёҳат аз Истаравшан ба Хуҷанд меоянд. Аммо бегоҳии ҳамон рӯз, чаҳор нафар ҳамсинфи 16-сола ҳангоми шиноварӣ дар мавзее, ки барои шиноварӣ мамнуъ эълон шуда буд, воқъе дар ҳудуди “Боғи Наврӯзгоҳ” ғарқ шуда ба ҳалокат мерасанд.

Раёсати маорифи вилояти Суғд дар ин бора расман чизе нагуфтааст.

Skip to toolbar