Боздошти муҳоҷири маҷрӯҳи тоҷик дар Русия. 50 фоизи баданаш сӯхта буд

Мақомоти Иркутски Русия муҳоҷири тоҷикеро, ки дар оташсӯзии моҳи ноябр дар деҳаи Заларии ин вилоят 50 дар сади баданаш сӯхт, боздошт карданд.

Маҳмадтоҳир Ашуров, муҳоҷири 25-солаи тоҷикро “ба қасди куштор”-и чанд сокини маҳаллӣ муттаҳам мекунанд ва гуё бо ҳамроҳонаш рӯзи 12-уми ноябр ба чанд сокини маҳаллӣ таҳдид кардааст. Наздикон ва дигар муҳоҷирон ин иттиҳомро бардурӯғ гуфтанд. Баръакс, муҳоҷирон мегӯянд, сокинони рус шабона вагони зисти онҳоро оташ задаанд.

Шаби 12-уми ноябр, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, вагони зисти Маҳмадтоҳир Ашуров ва шаш тан аз ҳамроҳонаш аз ҷониби сокинони маҳаллӣ оташ зада шуд. Ду тан аз ҳамроҳони ӯ, Насимҷон Сайдалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола он шаб ҳалок шуданд. Мақомот се тан аз ҳамроҳони дигари ӯ, Қурбонмад Содиқов, Далер Ҳасанов ва Ҷумъабой Искандаровро ба гумони “қасди куштор” ва “авбошӣ” боздошт карданд.

Маҳмадтоҳир Ашуров, ки 50 дар сади баданаш он шаб сӯхт, дар беморхона бистарӣ буд, вале рӯзи 24-уми декабр додгоҳи Иркутск қарор кард, ӯро ба боздоштгоҳ интиқол диҳанд. Мақомот ӯро низ бо “қасди куштор” айбдор донистаанд,  гуё Маҳмадтоҳир бо се ҳамроҳаш ба сокинони маҳаллӣ таҳдид кардааст.

Аз ҷониби сокинони маҳаллӣ танҳо нисбат ба як нафар айб эълон шудааст, вале мақомот чор муҳоҷирро боздошт карданд. Наздикон ва мақомоти тоҷик нигарон ҳастанд ва ин мавзӯъ дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баррасӣ шуд. Сафорати Тоҷикистон низ як ҳайатро барои пайгирии ин мавзӯъ ба Иркутск фиристода буд, вале зоҳиран чизе тағйир наёфтааст.

Як муҳоҷир, ки рӯзи ҷумъа дар мурофиа ҳузур доштааст, гуфт, ҳанӯз захмҳои бадани Маҳмадтоҳир Ашуров сиҳат нашудаааст.

“Ӯ нағз роҳ рафта наметавонад ва захмҳояш сиҳат нашудааст. Лекин бо як бераҳмӣ дастонашро баста ба боздоштгоҳ бурданд. Дар он ҷо аҳволаш бадтар хоҳад шуд. ”- гуфт ин муҳоҷир.

Мавзӯи марги муҳоҷирон ва боздошти онҳо вокуниши мақомоти тоҷикро ба бор овард. Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо ҳамтои русаш, Сергей Лавров, дар ин мавзуъ суҳбат кард ва хоҳиши таҳқиқи одилонаи ин ҳодисаро намуд.

Умед Бобозода, Омбудсмени тоҷик низ аз ҳамкори русаш тақозо кардааст, ки қазияи кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистонро мунсифона ва бо риояи ҳуқуқи шаҳрвандони боздоштшуда баррасӣ кунанд.

Мақомоти тоҷик бар ин боваранд, ки чор муҳоҷири боздоштшуда гуноҳ надоранд. Мақомоти Русия ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Skip to toolbar