logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Боздошти модаре, ки мехост кӯдакашро фурӯшад

Ӯ ҳангоми бозпурсӣ барои сафед кардани худаш мегӯяд, ки "ба сабаби камбизоатӣ" ба ин кор даст задааст.

Your tj

14:0521.06.2023

Боздошти модаре, ки мехост кӯдакашро фурӯшад

Сокини ноҳияи Б.Ғафуров, Дилдора Холмирзоеваи 33-сола ба фурӯши фарзанди худ гумонбар ва боздошт гардидааст, омадааст дар гузориши барномаи ВКД “Пайки Суғд”.

Зан муваққатан дар шаҳри Бӯстон иқомат дошта, соҳиби ду фарзанди хурдсол ва феълан ба фарзанди сеюмаш ҳомиладор будааст.

“Ӯ қасди фурӯхтани яке аз кӯдакон – духтари сесолааш ба маблағи 5 ҳазор сомониро дошт. Муомилот рӯзи 10 июн, дар рӯзи зодрӯзи духтарчааш муайян шуда буд. Ба Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД дар вилояти Суғд дар бораи ин кори Холмирзоева маълумоти боэътимоди расид. Дар натиҷа, вай дар рӯзи содир кардани ҷиноят дастгир карда шуд”,- хабар медиҳад ВКД.

Худи Холмирзоева ҳангоми бозпурсӣ барои сафед кардани худаш мегӯяд, ки "ба сабаби камбизоатӣ" ба ин кор даст задааст.

Нисбати Дилдора Холмирзоева бар асоси моддаи 167-и Кодекси ҷиноиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (хариду фурӯши кӯдакон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.  Дар ин модда ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба мҳлати аз 5 то 8 сол пешбинӣ шудааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

1 часов назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

2 часов назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

3 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

7 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

10 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ