Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:0824.02.2025
Вазорати корҳои дохилӣ аз дастгир шудани марде хабар дод, ки як духтараки хурдсолро дар бозори шаҳри Панҷакент корд зада буд. Ӯ бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир гардидааст.
Ин ҳодиса дар камераҳои назоратӣ сабт шуда, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд.

Ба навиштаи ВКД, гумонбаршаванда марди 53-сола сокини шаҳри Панҷакент будааст. Ному насаби дастгиршуда ошкор нашудааст.
Ҳодиса рӯзи 16-уми феврал, тахминан соати 10:30, дар дохили бозори марказии шаҳри Панҷакент рух додааст.
Гуфта мешавад, гумонбаршаванда дар ҳолати мастӣ, бо корд як маротиба дар қисмати шикам духтарбачаи 7-солаи сокини шаҳри Панҷакент зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда қаблан соли 2009 бо моддаҳои 138, 139 ва 120 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст.
Ин навбат ӯ бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 32 ва қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад, менависад ВКД.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
1 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
1 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
3 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
4 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
4 дня назад