Марде дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳамсараш 10 корд зад

Боздошти марде, ки ба собиқ ҳамсараш 10 корд зад

Марде аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсари собиқашро 10 корд задааст. Марди 36-сола бо гумони сӯиқасди одамкушӣ дастгир карда шудааст, хабар дод Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 31-уми август.

Ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба амал омадааст.

Гуфта мешавад, шоми 29-уми август, тахминан соати 19:00 мард аз ҳиссиёти авбошӣ, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум намудан бо худ корд оварда, ҳангоми вохӯрӣ бо собиқ ҳамсараш, бо бераҳмии махсус ба қафаси синааш зиёда аз 10 маротиба зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида, зани 36-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад, мнеависад ВКД Тоҷикистон.

Назари боздоштшуда ва наздиконаш дар мавриди ин қазия маълум нест.

Skip to toolbar