Боздошти марде, ки қариб 760 ҳазор сомонӣ қарзашро барнагардонидааст


Пули миллии сомонӣ

Акс аз интернет

Як сокини шаҳри Душанбе аз ду сокини дигари пойтахт ҳудуди 760 ҳазор сомонӣ қарз гирифтааст. Аммо қарзҳояшро дар муддати муайян барнагардонидааст.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, як сокини 27-солаи пойтахт ба ШВКД-1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст.

Ин мард гуфтааст, ки моҳи ноябри соли 2020 як сокини 44-солаи Душанбе аз ӯ 356,5 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, ваъда додааст, ки дар як моҳ ин маблағро бармегардонад, вале то ҳол ин корро накардааст.

Ба ҳамин тартиб, гумонбаршуда бо як сокини дигари шаҳри Душанбе, ки моҳи декабри соли 2020 аз ӯ 402,5 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, барои эҳтиёҷоти шахсӣ сарф кардааст, чунин рафторро анҷом додааст.

Аз рӯи ин далел тафтишот идома дорад, омадааст дар иттилои маркази матбуотии ВКД.