fbpx

Боздошти марде, ки 13 занро ба никоҳаш даровардааст

Ҳасан Мухтаров бо бархеи занони ба никоҳаш дароварда аз 3 то 4 моҳ зиндагӣ кардааст.


0
Марде, ки дар Тоҷикистон 13 занро ба никоҳаш даровардааст
Ҳасан Мухтаров гумонбар ба бисёрзанагӣ. Намогирифт аз "Ахбори ВКД"

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо “ҷинхонӣ” машғул будааст, 13 занро ба никоҳи худ даровардааст, хабар медиҳад барномаи “Ахбори ВКД”.

Ҳасан Мухтаров бо бархеи занони ба никоҳаш дароварда аз 3 то 4 моҳ зиндагӣ кардааст.

Номбурда худро эшон хонда, пас аз дуохонӣ, ба боварии занҳои бева ва духтарони хона даромада, бидуни шоҳид ва мулло, онҳоро худаш ба никоҳаш даровардааст.

Дар барнома аз занҳо ном бурда нашудааст, вале чанд нафари он бо рӯйи пӯшида шоҳидӣ медиҳанд, ки дар никоҳи Ҳасан Мухтаров қарор доштанд.

“Ҳасан Мухтаров барои ҷинхонии духтарам ба хона омад. Дар бораи худам пурсид. Гуфтам шавҳар надорам. Эшони Ҳасан ҳам гуфт, ки оилааш вайрон шудааст ва аз ман хост, то ба никоҳаш дароям. Розӣ шудам. Мо бо ҳам 3 рӯз зиндагӣ кардем”,- мегӯяд яке аз занҳо.

Мухтаров қаблан барои напардохтани алимент ва таъмин накардани оилааш бо манзили зист суд шуда будааст.

Ҳасан Мухтаровро моддаи 170 Кодекси ҷиноятӣ “Дузанагӣ ё серзанагӣ” таҳдид мекунад, ки дар сурати татбиқи он, ӯро аз 68 ҳазор то 136 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ҷазои панҷ соли зиндон интизор аст.

Бисёрникоҳӣ дар Тоҷикистон манъ аст, вале чунин ҳолатҳо дар ҷумҳурӣ бисёр дида мешавад. Аз соли 2020 то нимаи соли 2022 дар Тоҷикистон муфаттишон 254 парвандаи бисёрзаниро таҳқиқ кардаанд. Миёни онҳо 222 нафар барои издивоҷ бо ду зан ва ё бештар аз он ҷазо гирифтаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend