Боздошти марде бо гумони куштани духтарчаи дусолааш

Дар Душанбе марде бо гумони куштани духтарчаи дусолааш боздошт шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар як гузориш иттилоъ дод, ки боздоштшуда Ҷаҳонгир Қурбонзодаи 31-сола, сокини ноҳия Темурмалик аст.

Гуфта мешавад, ӯ 14-уми сентябр дар ҳолати мастӣ дар манзили иҷораашон воқеъ дар маҳаллаи Яккатути ноҳияи Шоҳмансур рафта, аз гиряву фиғони духтарчаи дусолааш дар ғазаб шудааст.

“Нахуст ҳамсарашро зери латукӯби шадид қарор дода, бо ин қаноатманд нагардида, бо роҳи бӯғӣ кардан ва бо истифода аз тасма духтарчаи худро латукӯб намуда, ӯро ба ҳалокат мерасонад”,- омадааст дар гузориш.

Тибқи маълумоти гузориши нашршуда, гумонбар ҷасади кӯдакро ба ноҳияи Темурмалик бурда, марги ӯро табиӣ вонамуд карда, дафн менамояд.

Худи Қурбонзода дар ин гузориш иқрор мешавад, ки духтарашро чанд маротиба бо тасма мезанад, вале вақте ором намешавад, ӯро бӯғӣ мекунад.

Нисбати Ҷаҳонгир Қурбонзода бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ин банди Кодекси ҷиноятӣ ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё ҷазои қатл ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ барои як умрро муқаррар кардааст.

Skip to toolbar