fbpx

Боздошти як зан бо гумони куштори кӯдаки дусола

Ин зан соли 2024 бо қисми 2 моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, хабар медиҳад ВКД.


1
1 point
Акси марбута аз сомонаи liter.kz

Як зани 44-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони куштори кӯдаки дусола аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудааст. Дар ин бора Вазораи корҳои дохилӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ин кӯдак фарзанди зани 25-солаи сокини шаҳри Хуҷанд будааст, ки соли 2024 бо зиндон шудааст. Гуфта мешавад, гумонбаршуда нигоҳубин ӯро ба уҳда доштааст.

Тавре ВКД менависад, боздоштшуда субҳи 8 октябри соли 2024 дар хонаи истиқоматиаш нисбати духтараки дусола, ки бемор ва таҳти муолиҷаи тиббӣ қарор доштааст, дидаву дониста “муносибати бераҳмона намуда”, ӯро бо дастонаш ба болои рахти хоби ҳуҷраи хобаш ҳавола медиҳад, ки дар натиҷа  хурдсол ба шикам афтида, роҳи нафасаш қатъ гардида ба ҳалокат мерасад.

“Сипас гумонбаршаванда ҷинояти содиркардаашро пинҳон карда, ба мусоидати шахсони ба тафтишоти пешакӣ номаълум, гӯё кӯдаки хурдсол бо марги табиӣ вафот кардааст, дар оромгоҳ ба хок супоридааст”,- омадааст дар хабар.

Назари боздоштшуда ва наздикони ӯ дастрас нест.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Тибқи ин банди қонун ӯро ҷазои аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ин зан соли 2024 бо қисми 2 моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, хабар медиҳад ВКД.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend