logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Боздошти як зан барои қасди фурӯши духтари 4-солааш

Ин зан кӯшиши фурӯхтани фарзанди чорсолааш бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд кардааст.

Your tj

15:3510.06.2025

Боздошти як зан барои қасди фурӯши духтари 4-солааш

Як зани 27-сола аз ҷониби мақомоти милитсия дар вилояти Суғд бо иттиҳоми қасди фурӯши духтари хурдсолаш боздошт шудааст.

Тавре Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ дод, зан сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, рӯзи 29 апрел кӯшиши фурӯхтани фарзанди чорсолааш бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд кардааст.

Ба гуфтаи мақомот, зан ҳангоми гирифтани маблағи пешакӣ мувофиқашуда дастгир шудааст. Ӯ дар наворе, ки ВКД нашр кард, иқрор мешавад, ки “хато будани корашро намедонист” ва касе ӯро аз ин амал бознадоштааст.

Кӯдак фарзанди дуюм аз оилаи дуюми ин зан будааст. Айни ҳол нисбат ба ӯ бо моддаи 167-и Кодекси ҷиноятӣ (хариду фурӯши ноболиғон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Барои ин ҷиноят ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол пешбинӣ шудааст.

Ин ҳодиса нахустин ҳолати кӯдакфурӯшӣ дар вилояти Суғд нест. Қаблан, дар моҳи октябри соли 2024 як зани 26-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дар моҳи сентябри ҳамон сол як сокини ноҳияи Ашт бо иттиҳоми кӯдакфурӯшӣ боздошт шуда буданд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

1 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

1 дня назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

5 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

9 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ