Боздошти як сокини Рӯдакӣ барои “шантаж”-и духтарон

Милитсияи шаҳри Душанбе Абдулло Азамзода, сокини 35-солаи ноҳияи Рӯдакиро бо гумони содир намудани ҷиноятҳои ахлоқӣ дастгир кардааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда бо роҳи фиреб ҷавондухтаронро ба худ моил намуда, бо истифода аз расмҳои маҳрамона онҳоро ба истилоҳ «шантаж» мекард ва барои анҷоми амалҳои шаҳвонӣ маҷбур менамуд.

Дар натиҷаи санҷиш аз телефони мобилии Азамзода Абдулло миқдори зиёди навор ва аксҳои ҷавондухтарон пайдо шудааст, ки бо роҳи фиреб ба даст омада ва барои иҷрои ҳадафҳои ғаразнок истифода мешуданд. Ин маводҳо ҳамчун далели собиткунандаи ҷиноятӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбар маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, таҳқиқоти пешакӣ идома дорад.

Шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии номбурда ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути рақами телефони (+992) 018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Skip to toolbar