Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:4519.06.2025
Сокини 33-солаи шаҳри Душанбе, Самандари Раҳимзод бо гумони куштани ҳамсараш дастгир шудааст. Раёсати ВКД дар пойтахт менависад, номбурда дар содир намудани ҷинояти махсусан вазнин гумонбар аст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ бо ҳамсараш Ҷамилаи Ш. “муносибатҳои носолим” дошта, мунтазам муноқиша мекардааст.
“13 июни соли ҷорӣ низ байни онҳо нофаҳмӣ ба миён омада, аз рӯи хусумату бадбинӣ Самандари Р. ҳамсарашро мавриди латукӯби шадид қарор дода, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Дар натиҷа ҷабрдида дар беморхона ба ҳалокат расид”,- менависад милитсияи пойтахт.
Назари шахси дастгиршуда дар бораи ин иттиҳом дастрас нест.
Гуфта мешавад, нисбати Самандари Раҳимзод бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Тибқи ин банди қонун, ӯро ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ таҳдид мекунад.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад