Боздошти як нозири барқ дар Кӯлоб бо гумони изофанависӣ

Дар шаҳри Кӯлоб як нозири барқ бо гумони “тағйир додани иттилооти компютерӣ” дастгир шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, гумонбар дар давоми наздик ба ду соли фаъолияташ қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармиро вайрон намудааст.

Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки нозири барқ барои “пинҳон намудани талафоти ғайриқонунӣ” ва “барои фаъолияти кории худро хуб нишон додан” ба барномаи “СМАРТ-БИЛИНГ”, маълумоти бардуруғ ворид кардааст.

“…дар натиҷа даст ба изофанависӣ ва таҳрифкорӣ ба маблағи 29 ҳазору 914 сомониву 5 дирамро ғайриқонунӣ ба суратҳисоби 12 нафар муштариёни шаҳри Кӯлоб анҷом додааст”, – навиштааст.

Нисбати нозири барқ моддаи 299 Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ ҷарима ба андоза 37 ҳазор сомонӣ ва то ду сол корҳои ислоҳиро муқаррар кардааст.

Skip to toolbar