Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:1219.11.2025
Дар шаҳри Кӯлоб як нозири барқ бо гумони “тағйир додани иттилооти компютерӣ” дастгир шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, гумонбар дар давоми наздик ба ду соли фаъолияташ қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармиро вайрон намудааст.
Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки нозири барқ барои “пинҳон намудани талафоти ғайриқонунӣ” ва “барои фаъолияти кории худро хуб нишон додан” ба барномаи “СМАРТ-БИЛИНГ”, маълумоти бардуруғ ворид кардааст.
“...дар натиҷа даст ба изофанависӣ ва таҳрифкорӣ ба маблағи 29 ҳазору 914 сомониву 5 дирамро ғайриқонунӣ ба суратҳисоби 12 нафар муштариёни шаҳри Кӯлоб анҷом додааст”, - навиштааст.
Нисбати нозири барқ моддаи 299 Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ ҷарима ба андоза 37 ҳазор сомонӣ ва то ду сол корҳои ислоҳиро муқаррар кардааст.
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
1 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
5 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
8 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
8 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
9 дня назад