logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Боздошти як мард дар Истравашан бо гумони ба худкушӣ расонидани ҳамсараш

Ин мард бо ҳамсараш соли 2022 оила барпо карда, бо ӯ мунтазам муомиоти бераҳмона доштааст ва шаъну шарафашро паст мезадааст.

Your tj

09:5413.12.2024

Боздошти як мард дар Истравашан бо гумони ба худкушӣ расонидани ҳамсараш

Як марди 26-солаи сокини шаҳри Истаравшан барои ба худкушӣ расонидани ҳамсари 21-солааш дастгир шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ин мард бо ҳамсараш соли 2022 оила барпо карда, бо ӯ мунтазам муомиоти бераҳмона доштааст ва шаъну шарафашро паст мезадааст.

«Шаби 27 ба 28-уми ноябри соли 2024 дар манзили истиқоматиаш ӯро лату кӯб намуда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Дар натиҷа, ҷабрдида бо мақсади худкушӣ маҳлули сиркоро истеъмол намудааст»,- менависад манбаъ.

Ба иттилои ВКД, тибқи хулосаи ташхиси суддӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида дар намудани заҳролудшавӣ  бо маҳлули сирко, сӯзиши кимиёвии сурхруда, даҳон ва меъда, бинобар хавфнок буданаш ба ҳаёт ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ расонидашуда мансуб дониста мешавад.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 109 Кодекси ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Тибқи ин банди қонун гумонбарро ҷазо ба шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол интизор аст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

1 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

1 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

13 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

16 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

16 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ