Боздошти як мард дар Душанбе барои сӯиқасди таҷовуз ба номус

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марди 35-сола бо гумони сӯиқасди таҷовуз ба номус дастгир шудааст. Ба иттилои Раёсати ВКД дар пойтахт, ҳодиса 6 декабр рух додааст.

Аз гумонбар Исфандиёр Пирназаров ном бурда шудааст.

Гуфта мешавад, Пирназаров бо фиреб як ҷавондухтари сокини пойтахтро ба меҳмонхона бурда, бо истифода аз зӯрӣ ва латукӯб кӯшиши анҷом додани алоқаи ҷинсиро кардааст. Ҷабрдида ба ҳаракатҳои ӯ муқовимат нишон дода, барои наҷотёбӣ аз тирезаи ҳаммоми меҳмонхона худро ба поён ҳаво додааст. Дар натиҷа, духтар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.

Гумонбар ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи моддаҳои 32 қисми 3 ва 138-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тафтишот оғоз шудааст.

Милиса аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки аз ин шахс ҷабр дида бошанд, тавассути рақамҳои (+992) 018020202 муроҷиат намоянд.

Skip to toolbar