Як марди 52-сола сокини ноҳияи Ванҷ бо гумони зӯроварии шаҳвонӣ нисбати ноболиғон дастгир шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Ҳокимов Н. Дар иҷрои “ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ” нисбати кӯдакони ноболиғ гумонбар дониста мешавад.
Гуфта мешавад, номбурда ин амалҳоро дар ҳудуди шаҳри Душанбе анҷом додааст.
“Тафтишоти пешакӣ ва санҷиши камераҳои назоратӣ, даст доштани гумонбаршавандаро дар се ҳолати ҷиноятҳои мазкур собит намуд”,- менависад милитсияи пойтахт.
Манбаъ хабар медиҳад, ки нисбати дастгиршуда бо моддаи 139 қисми 4-и Кодекси ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Агар тибқи ин банди қонун ҷиноят исбот шавад, шахси гумонбарро аз 20 то 25 сол ҷазои зиндон таҳдид мекунад.