Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:1317.04.2025
Як марди 52-сола сокини ноҳияи Ванҷ бо гумони зӯроварии шаҳвонӣ нисбати ноболиғон дастгир шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Ҳокимов Н. Дар иҷрои "ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ" нисбати кӯдакони ноболиғ гумонбар дониста мешавад.
Гуфта мешавад, номбурда ин амалҳоро дар ҳудуди шаҳри Душанбе анҷом додааст.
“Тафтишоти пешакӣ ва санҷиши камераҳои назоратӣ, даст доштани гумонбаршавандаро дар се ҳолати ҷиноятҳои мазкур собит намуд”,- менависад милитсияи пойтахт.
Манбаъ хабар медиҳад, ки нисбати дастгиршуда бо моддаи 139 қисми 4-и Кодекси ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Агар тибқи ин банди қонун ҷиноят исбот шавад, шахси гумонбарро аз 20 то 25 сол ҷазои зиндон таҳдид мекунад.
271 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад