Ҷавондухтаре ки беш аз 200 нафарро бо ваъдаи фиристодан ба ҳаҷ фиреб додааст

Боздошти як духтар бо гумони фиреби беш аз 200 нафар

Як ҷавондухтари 22-солаи сокнини шаҳри Ваҳдат, ки ба фиреби беш аз 200 нафар бо ваъдаи фиристодан ба маросими адои Ҳаҷи умра гумонбар мешавад, боздошт шудааст. Ӯ бо ин ваъда аз ҳар кадом 500 – 700 долларӣ маблағ гирифтааст, хабар медиҳад раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри як навор.

Манбаъ аз гумонбар Шоира Далатова ном бурда, вале нагуфтааст, ки ӯ дар маҷмуъ аз беш аз 200 нафар чӣ миқдор маблағ гирифтааст. Танҳо гуфта мешавад, ки аз қисме 500 доллар ва аз дигарон 700 доллар гирифтааст.

Ба иттилои раёсат Шоира Давлатова ду шарик  бо номи Неъмат ва Самира низ доштааст ва онҳо ҳатто хешовандони худро фиреб карда, маблағ гирифтаанд. Шоира ба онҳо ивази ҳар як нафар 100 долларӣ медодааст, вале дар гузориш зикр нашудааст, ки онҳо дастгир шудаанд ё не.

“Номбурда (Шоира Давлатова) аз зудбоварии мардум истифода бурда, ваъда кардааст, ки бо пардохти 500 доллари ИМА гӯё аз ҳисоби фонди хайриявии мавҷуднабудае шаҳрвандонро ба Ҳаҷ мебарад”, – гуфта мешавад дар гузориш.

Тавре раёсат дар идомаи гузориш мегӯяд, гумонбар ба хотири ба даст овардани боварии мардум, дар оғоз якчанд нафарро бо пардохти 500 доллар (боқимондаашро худ пардохт кардааст) ба ҳаҷ бурдааст.

Худи Шоира Далатова низ дар гузориш иқрор мешавад, ки аз аҳолӣ барои ба ҳаҷ фиристодан 5 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст, вале онҳоро ба ҳаҷ нафиристодааст. Аз чанд нафар чунин маблағ гирифтанашро нагуфтааст. Дар кадом шароит сабт шудани ин навор маълум нест.

Дар идома чанд нафар худро ҷабрдида номида, нақл мекунанд, ки ба воситаи дӯстону шиносҳояшон дар бораи Шоира Давлатова огоҳ шуда, барои рафтан ба ҳаҷ маблағҳои калон додаанд, вале ба ҳаҷ нарафтаанд.

Шоира Давлатова дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати ӯ моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ (Қаллобӣ) парванда боз шуда, даст доштани ӯ дар дигар амалҳои қаллобӣ таҳқиқ мешавад.

Skip to toolbar