Боздошти як афсар ва сарбоз барои марги наваскар

Вақти супоридани ҷасади сарбоз ба волидонаш гуфта буданд "дар долон афтод ва мурд".


Марги сарбози тоҷик дар хизмати ҳарбӣ

Абубакр Ҳусейнзода. Акс аз Радиои Озодӣ

Вобаста ба парвандаи марги наваскар Абубакри Ҳусейнзода ду нафар – як афсар ва сарбози қисми низомии 0201-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ боздошт шуданд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Абубакр Ҳусейнзодаи 22-сола рӯзи 4-уми август дар шароити номаълум ба ҳалокат расид.

Прокуратураи ҳарбии вилояти Суғд хабар дод, ки дар доираи тафтиши марги сарбози ҷавон, афсар ва сарбози қисми низомии 0201-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шудааст.

Онҳо ба қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва вайрон кардани оинномаи муносибатҳои байни хизматчиёни ҳарбӣ муттаҳам мешаванд. Ба боздоштшудагон то 17 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар бораи рутба ва мансаби афсар ва марзбони боздоштшуда иттилоъ дода нашудааст.

Муфаттиши прокуратураи ҳарбии вилояти Суғд рӯзи 22 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, феълан тафтишоти пешакӣ идома дорад ва аз ин рӯ, маълумот дар бораи ин қазия ва ному насаби боздоштшудаҳо ифшо намешавад, то ба тафтишот халал нарасонад.

Ҷасади Абубакр Ҳусейнзодаи 22-сола рӯзи 5 август ба волидонаш супурда шуд. Худи ҳамон рӯз ҷавонро дар қабристони деҳаи Овчи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба хок супурданд