Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:5904.12.2023
Дар шаҳри Душанбе Шодмон Каримови 36-сола бо гумони қаллобӣ нисбати шаҳрвандоне, ки тавассути терминали пардохти бонкии "Душанбе Сити" муомилот анҷом медоданд, боздошт шудааст. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, зимни санҷиш муайян шудааст, ки Каримов бо роҳи қаллобӣ маблағҳои шаҳрвандонро азхуд кардааст.
“Номбурда ҳангоми дар назди дастгоҳи худкори маблағгузаронии “Душанбе Сити” қарор доштан, бо роҳи фиреб ба боварии як нафар сокини шаҳри Душанбе даромада, бо ваъдаи ба суратҳисобаш пардохт намудан, аз ӯ 2 ҳазор сомонӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст”, - хабар медиҳад ВКД.
Гуфта мешавад, айни замон, бо мақсади муайян намудани дигар кирдорҳои ҷиноятии гумонбаршаванда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Милитсия аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки қурбонии фиреби ин нафар шудаанд, даъват менамояд, ки барои пешниҳоди далелҳо ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд.
Читайте также
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
2 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
2 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
3 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
5 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
9 дня назад