fbpx
0

Дар Душанбе пас аз 25 сол як сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони рабудани писари муовини собиқи Додситонии нақлиёти Тоҷикистон боздошт шудааст. Дар бораи ин Раёсати ВКД дар пойтахт хабар дод.

Ба иттилои мақомот, ҳодиса субҳи 21-уми январи соли 2000 дар назди мактаби №55-и ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рух додааст. Ба гуфтаи ҷабрдида Манучеҳр Шарипов, он замон ду нафар ӯро бо иттиҳоми “дуздӣ” маҷбуран ба мошин савор карда, пас аз латукӯб беҳуш намудаанд.

Тибқи иттилои полис, ноболиғ, ки хонандаи синфи 9 будааст, ба деҳаи Тангаии болои ҷамоати Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бурда шуда, 65 шабонарӯз таҳти назорат нигоҳ дошта шудааст. Барои озодии ӯ аз волидонаш 50 ҳазор доллари амрикоӣ талаб ва гирифта шудааст.

Мақомот мегӯянд, одамрабоӣ бо дастури Худойназар Одинаев ва ҳаммаслаконаш, аз ҷумла Абдулҳақ Самадов ва Ривоҷиддин Одинаев, бо ангезаи хусумати шахсӣ ва бо мақсади гирифтани маблағ анҷом дода шудааст. Пас аз пардохти маблағ, ноболиғ озод шудааст.

Абдулҳақ Самадов пас аз 25 сол боздошт шуда, тибқи гузориш ба гуноҳаш эътироф кардааст. Ҳоло нисбати ҳамаи гумонбарон бо моддаи 130 қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ (“одамрабоӣ”) парванда боз шуда, Самадов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Дигар аъзои гурӯҳ дар ҷустуҷӯ мебошанд.

Ба гуфтаи полис, роҳбари эҳтимолии гурӯҳ Худойназар Одинаев соли 2013 ҳангоми боздошт безарар гардонида шудааст. Назари гумонбарон ва пайвандони онҳо ба ин иттиҳом маълум нест.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend