Дар робита ба кушта шудани Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик ва захмӣ гардидани ду ҷавони дигар дар пайи занозании наврасон дар шаҳри Кӯлоб, як сокини 19-солаи ин шаҳр Сулаймон Одинаев боздошт шудааст.
Ба иттилои расонаҳо, муноқиша шаби 11 январ рух дода, дар натиҷа Муҳаммадалӣ Саъдуллоев ҷон бохта, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Нисбати гумонбар бо моддаҳои “расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси ҳалокати инсон шудааст” ва “авбошӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст. Ӯ ба корд задани се нафар гумонбар дониста мешавад.
Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои манобеи худ навиштааст, ки баҳс гӯё бар сари як телефони мобилӣ оғоз шудааст. Яке аз хешовандони гумонбар гуфтааст, ӯ “маҷбур шуд худро бо корд муҳофизат кунад”, аммо наздикони Саъдуллоев ин иддаоро рад мекунанд.
Тафтишот то ҳол хулосаи ниҳоӣ надодааст. Ба иттилои манбаъҳо, занозанӣ дар назди як маркази бозиҳои компютерӣ идома ёфта, дар наворҳои дурбинҳои назоратӣ лаҳзаи ҳамла дида мешавад. Гуфта мешавад, Муҳаммадалӣ пас аз захм бардоштан тақрибан 200 метр роҳ рафта, баъдан аз пой афтодааст ва дертар дар бемористон фавтидааст.
Муҳаммадалӣ Саъдуллоев рӯзи 12 январ ба хок супорида шуд. Ду захмии дигар ҳоло дар бемористон буда, вазъи саломатии онҳо “миёна” арзёбӣ мешавад.
Муҳаммадалӣ Саъдуллоев соли 2024 қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта ва қаҳрамони Тоҷикистон гардида буд. Навори ин ҳодиса қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, вокунишҳои зиёд ба бор овард.









