Милитсияи шаҳри Панҷакент як духтари 19-соларо бо гумони куштори шавҳари 27-солааш дастгир кардааст.

Боздошти духтари 19-сола бо гумони куштори шавҳараш

Милитсияи шаҳри Панҷакент як духтари 19-соларо бо гумони куштори шавҳари 27-солааш дастгир кардааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ҳодиса 10-уми март, тахминан соати 09:00 рух додааст.

Гумонбаршаванда дар хонаи истиқоматиаш бо шавҳараш марди 27-солаи ҷангу ҷанҷол кардааст.

“Бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани шавҳараш бо корд як маротиба ба қафаси синааш зарба зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст”,- менависад манбаъ.

Сабаби муноқиша гуфта нашудааст ва ҳамчунин, назари гумонбар оид ба ин ҳодиса дастрас нест.

Ба навиштаи ВКД, тафтишот идома дорад.

Skip to toolbar