Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар зане хабар дод, ки бо ҷурми авбошӣ дастгир шудаанд.
Кормандони ВКД нахуст зани 31-сола ва ҷавони 21-солаи сокинони шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карданд.
“Гумонбаршавандагон дар кӯчаи Зарафшони пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бо якдигар муноқиша намуда, сипас зани 31-сола бо корд як маротиба ба қафаси синаи ҷавони 21-сола задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, – иттилоъ медиҳад ВКД.
Инчунин кормандони милитсия зани 35-сола ва марди 33-солаи сокинони пойтахтро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир кардаанд.
Гумонбарон дар хонаи истиқоматиашон бо ҳамдигар ҷанҷол намуда, аз ҳиссиёти авбошӣ якдигарро зери лату кӯб қарор дода, зани 35-сола бо корд як маротиба ба қафаси синаи марди 33-сола задааст.
Ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Мақомот аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишотро идома медиҳанд.