Боздошти ду зан барои фиреб бо барномаи бонкии фейкии “Dushanbe City”

То ин вақт онҳо беш аз 80 адад чунин пардохтҳои сохтаро амалӣ гардондаанд.


Барномаи фейкии Душанбе сити

Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар медиҳад, ки Истадбону Ҷумаеваи 24-сола ва Шоиста Усмоноваи 25-сола маблағи хизматрасониҳоро тавассути барномаи бонкии сохтаи “Dushanbe City”  гӯё пардохт мекардаанд.

Гумонбарон амалҳои тақаллубкории худро дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалӣ кардаанд.

Ҳангоми истифода онҳо аломати тасдиқшудаи ишоратиро нишон медодаанд, вале дар асл маблағ намегузаштааст.

Онҳо бо чунин усул мудирони мағозаву ошхона, мағозаҳои либос ва ронандаҳоро фиреб медодаанд.

То ин вақт онҳо беш аз 80 адад чунин пардохтҳои сохтаро амалӣ гардондаанд, ки нусхаи пардохтҳо дар телефони онҳо будааст.

Нисбати онҳо тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Он ҷарима ба миқдори аз 250 то 1460 нишондиҳанда ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.