Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:5817.10.2023
Ду шаҳрванди Тоҷикистон 30-юми августи имсол ба як нуқтаи саррофӣ дар шаҳри Пхёнтхэк ҳамла карда, дар маҷмӯъ 62 ҳазору 800 доллари амрикоӣ пули нақдро бо доллар ва пули миллии Корея рабудаанд. Яке аз онҳо 25-уми сентябр дар ватанаш Тоҷикистон ва як нафари дигар дар Кореяи Ҷанубӣ боздошт шудааст, гуфтааст полиси ин кишвар.
Дар ин бора Радиои “Озодӣ” бо такя ба манобеи расмии Корея хабар додааст.
Нафари дар Тоҷикистон боздоштшуда як шаҳрванди 34-солаи ин кишвар будааст. Шахсияти боздоштшуда ошкор нашудааст.
Дар тафсилоти ҳодиса гуфта мешавад, ки ду мард ба саррофзани 60-сола бо силоҳ таҳдид карда, пулҳоро дуздида ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд.
Дар маҷмӯъ ҳангоми фирор ин ду нафар аз се мошин истифода кардаанд ва яке аз ин мошинҳо дуздӣ будааст.
Як гумонбари 34-сола чор соат баъд бо билети аз пеш харидашудаи ҳавопаймо ба Тоҷикистон парвоз карда гумонбари дигар – ҳамчунин як шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон рӯзи баъдаш 31-уми август дар Фурудгоҳи байналмилалии Инчхон аз ҷониби полиси Кореяи Ҷанубӣ боздошт шуданд.
Дар хабар омадааст, ки марди дар Тоҷикистон боздоштшуда, дар ватанаш муҳокима мешавад, чунки ҳанӯз миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ созишномаи истирдоди гумонбарон дар ҷиноят имзо нашудааст. Полиси Пхёнтхэк гуфтааст, барои таҳқиқи ин ҷиноят бо полиси Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард.
Парвандаи шарики ҷиноятии ӯ, ки дар Корея боздошт шудааст, бо иттиҳоми “дуздии вижа” ба додгоҳ фиристода шудааст.
Полиси Корея ҳоло се гумонбари дигари шарики ин ҷиноятро ҷустуҷӯ дорад, ки ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Читайте также
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
2 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
2 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
3 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
5 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
9 дня назад