Сохтакории билети ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Боздошти ду корманди Комиссариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора

Ду корманди Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара бо гумони гирифтани пора дастгир шудаанд.

Гумонбарон барои носолим гузаронидани даъватшавандаҳо аз хешовандонашон пул гирифтаанд, хабар медиҳад Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.

Ин мақомот аз гумонбарон нозири мизи ҳарбии ҷамоати деҳоти Кӯлканд Давронов О. ва сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётӣ дар Ворухи Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара Кенжаев Ш. ном бурд.

Тибқи иттилои ин ниҳод гумонбарон “моҳи майи соли 2024 аз рӯи маслиҳати пешакӣ барои омода намудани билети номуносиб ба хизмати ҳарбӣ ба номи шаҳрванд М.М. аз хешованди охирон маблағи 40000 сомонӣ талаб намуданд”.

Ба навиштаи ин ниҳод гумонбарон новобаста аз он ки чунин ваколатро надоштанд ва дар ду ҳолат аз хешовандони М.М. 40 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.

Нисбати ин гумонбарон бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Ин банди қонунгузорӣ ҷарима дар ҳаҷми калон ва аз 8 то 12 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.

Skip to toolbar