Боздошти ду кас барои куштори ҳамзисташон дар муҳоҷират

Гумонбаршавандагон кушторро бо истифода аз “гантел” ва корд анҷом дода, маблағҳои марҳумро гирифта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намудаанд.


Марде дар Турсунзода ҳамсарашро кушт

Акс аз сомонаи inbusiness.kz

Як ноболиғи 16 ва марди 29-солаи сокинони ноҳияи Рашту шаҳри Душанбе бо гумони куштори як марди 27-солаи ноҳияи Дӯстӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудаанд.

Дар ин бора ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, мақомот онҳоро зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир карда кардааанд.

“Гумонбаршавандагон 29-уми августи соли 2023, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Митишинаи вилояти Москваи Федератсияи Россия қарор доштанашон, куштори ҳамзисташон, марди 27-солаи сокини ноҳияи Дӯстиро тарҳрезӣ карда, ӯро бо истифода аз “гантел” ва корд ба ҳалокат расонида, маблағҳояшро гирифта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намудаанд”,- омадааст дар хабар.

Шахситяти гумонбаршавандагон ошкор нашудааст ва назари онҳо низ дақиқ нест.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 (Одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.