Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:0923.05.2023
Дар шаҳри Хуҷанд ду устоди мақомдори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо гумони гирифтани пора боздошт шудаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо нашри як гузориши видеоӣ рӯзи 21-уми май хабар додааст.
Гуфта мешавад, Иброҳим Ҷабборзода – декан ва Нуралӣ Шукуров – муовини декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров боздошт шудаанд.
Онҳо барои мондани баҳо аз як донишҷӯйи соли сеюми ихтисоси таърих, ки шаҳрванди хориҷӣ будааст, пора талаб кардаанд.
"Дар пайи шикояти донишҷӯ рӯзи 2-юми май прокуратура ва раёсати корҳои дохилӣ дар Суғд муовини декани факултаро ҳангоми гирифтани 1500 сомонӣ боздошт кардаанд",- омадааст дар гузориш.
Назар ва мавқеи омӯзгорони боздоштшуда маълум нест.
Нисбати ҳарду бо моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ, яъне гирифтани "ришва" парванда боз шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доштаанд.
Читайте также
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
2 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
2 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
6 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
6 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
8 дня назад