Фаъолияти як гурӯҳи байналмилалии нашъаҷаллоб бо номи “Анна-човандоз” ошкор, 9 нафар аъзоёни он муайян ва 7 нафарашон ба ҳабс гирифта шудаанд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД”.
Ин гурӯҳ дар чанд соли охир беш аз 1,5 тонна маводи мухаддирро ба Русия интиқол додааст ва гуфта мешавад, мақомоти милитсияи тоҷик онҳоро маҳз дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни худ дар Русия боздошт кардаанд.
Нахуст, Маҳмадалӣ Комилов, як аъзои ин гурӯҳ 25-уми августи соли 2023 бо 55 кг маводи мухаддири навъи ҳероин боздошт шуда, баъдан дигар аъзоёни он ошкор шудаанд.
“Дар натиҷаи санҷиши минбаъда маълум гардид, ки ин миқдор маводи нашъадор аз шумораи 200 кг фиристодаи гурӯҳи муташаккили нашаъаҷаллоби трансмиллӣ ба Русия ба шумор рафта, боқимонда аллакай ба муомилот бароварда шудааст”,- гуфта мешавад дар гузориш.
Қайд мегардад, ки гурӯҳи беш аз 10 нафараро Азамат Ҳамроеви 58-сола (қаблан Болтаев Анна Ҳамроевич), шаҳрванди Тоҷикистон роҳбарӣ мекардааст.
Онҳо дар давоми 10 соли охир бо гурӯҳҳои нашъаҷаллоби Афғонистон алоқаи ҷинояткорона барпо намуда, мунтазам ба кишварҳои аъзои ИДМ, махсусан ба Русия маводи нашъадорро ба муомилот баровардаанд.
Гуфта мешавад, Азамат Ҳамроев сокини шаҳри Турсунзода буда, дорои шаҳрвандии Тоҷикистону Русия аст ва бо 5 зан зиндагӣ карда, соҳиби фарзандони зиёд мебошад, вале дар борааш маълумоти зиёд дода намешавад.
Тибқи иттилои ВКД, ин гурӯҳ воситаҳои нашъадорро ба воситаи нақлиёти боркаш ва қатораҳо дар дохили мева ва қуттии меваҳо ҷой карда ба дигар давлатҳо интиқол медоданд.
“18-уми октябри соли 2023 аъзои фаъоли ин гурӯҳ Довудхон Зокиров, соли тавалдлудаш 1969, сокини деҳаи Боғистони шаҳри Ҳисор дастгир гардида, аз махфигоҳи яке аз хешовандони ӯ 308 кг воситаи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд, ки аз ин ҳисоб 281 кг 300 гр маводи сахттаъсири ҳароин ва 26 кг 700 гр навъи нашъадори ҳашиш мебошад”, – гуфта мешавад дар барнома.
Дар умум, ин гурӯҳ дар Русия ва Тоҷикистон 363 кг воситаҳои нашъадорро ба муомилот баровардааст.
ВКД гуфт, Довудхон Зокиров бо асбоби махсус дар байни картони қутии меваҳо 500 гр маводи мухаддирро ҷой карда, содирот мекард, ки онро асбоби рентген ва ҳатто сагҳои бӯйгир дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дарёфт карда наметавонистанд.
Ӯ барои ҳар як килограме ки дар байни каробкаҳо ҷой мекард, аз Азамат Ҳамрев 100 доллари ИМА маблағ мегирифт.
Довудхон Зокиров гуфтааст, ки ин гурӯҳ солҳои охир зиёда аз 1,5 тонна воситаҳои гуногуни нашъадоррро ба Русия интиқол додаанд.
Дар барномаи ВКД гуфта мешавад, ки аъзои ин гурӯҳ бо маблағҳои бо роҳи ҷинояткорона ба даст овардаашон молу мулки зиёди харидорӣ ва онҳоро ғайриқонунӣ ба расмият даровардаанд.
Чанде аз аъзоёни ин гурӯҳ, ки аллакай боздошт шудаанд, тасдиқ мекунанд, ки барои интиқол ва муомилоти маводи мухаддир аз Азамат Ҳамроев маблағҳои ҳангуфт мегирифтанд. Таҳти кадом шароит сабт шудани ин наворҳо маълум нест.
Гуфта мешавад, то ҳол 10 аъзои ин гурӯҳ дастгир шуда, 4 нафар, аз ҷумла, Азамат Ҳамроев роҳбари аъзои ин гурӯҳ ва чанде аз аъзоёни фаъоли он дар ҷустуҷӯйи расмӣ қарор доранд.
Нисбати Азамат Ҳамроев ва аъзоёни ӯ бо моддаи 200 қисми 4 КҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти он зери назорати Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарор дорад.