Кормандони милитсия ва мақомоти прокуратура дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ сокини 23-солаи деҳаи Шмиди ин ноҳияро бо гумони куштор дастгир кардаанд.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, ӯ як марди 39-солаи сокини деҳаи А.Дӯстовро зинда ба зинда оташ задааст.
Гумонбаршаванда Меҳриддин Боқиев санаҳои 10 то 13 апрел дар бозори марказии ноҳияи мазкур бо марҳум Давронҷон Сангинов вохӯрда, аз ӯ 15 ҳазор сомонӣ қарз пурсида, ваъда додааст, ки дар муддати 3 рӯз ин маблағро барзиёд бармегардонад.

Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, гумонбар бо мақсади халосӣ аз пардохти қарз, нақшаи куштани Сангиновро кашидааст. Ӯ пешакӣ маводи оташгиранда, дастпӯши резинӣ ва оташафрӯзакро харидорӣ карда, рӯзи 19 апрел марҳумро бо баҳонаи “миннатдорӣ” ба теппаҳои деҳаи Дӯстӣ.
Дар он ҷо байни онҳо муноқиша сар мезанад. Боқиев телефони Сангиновро мегирад, ӯро латукӯб мекунад. Сангинов ба замин афтода, тахминан 10-12 метр ба пастхамиҳо сарозер шуда, аз ҳуш меравад.

Дар ҳамин ҳол, Боқиев ба рӯй ва бадани ӯ бензин рехта, оташ мезанад. Сангинов дар ҷои ҳодиса ҳалок мешавад.
Мақомот мегӯянд, Боқиев қасд доштааст, ҳодисаро чун худсӯзӣ вонамуд кунад.
Нисбати Меҳриддин Боқиев, ки гузаштаи доғдори ҷиноятӣ доштааст, ҳоло бо моддаи 104, қисми 2, банди “е” ва “л” (куштор бо бераҳмии махсус ва бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷиноят) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.