Боздошти 6 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон ва эътирози муҳоҷирон дар Маскав

Мухтасари хабарҳои рӯз.


Муҳоҷирон дар Маскав эътироз карданд

Акс: намогирифт аз навор

50 млн доллар кӯмаки бебозгашти Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбудии мактабҳои Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳтар кардани дониши хонандагон, тарзи таълим ва таъмири мактабҳои фарсудаи Тоҷикистон 50 миллион доллар кӯмаки бебозгашт медиҳад.

Акс аз сомонаи Open Asia

Шӯрои мудирони бонк қарорро рӯзи 23-юми феврал қабул кард.

Дар баёнияи Бонки Ҷаҳонӣ омадааст, бо вуҷуди онки бештар аз 96 дарсади кӯдакони Тоҷикистон дарс мехонанд, сатҳи дониши онҳо баробар бо меъёрҳои таъйинкардаи худи кишвар нест.

Масалан, фақат андаке бештар аз нисфи кӯдакони синфи 2 дар як дақиқа 40 калима мехонанд, вале бақия ин маҳоратро надоранд.

Аҳволи кӯдакони синфи чаҳор аз ин ҳам бадтар будааст.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ҳамчунин мактабҳои зиёди Тоҷикистон муҳтоҷи шароити беҳтар ҳастанд ва масалан ба ҳадди миёна ба бештар аз 300 хонанда фақат як ҳоҷатхона мерасад.

Боздошти 6 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ

Шаш шаҳрванди Тоҷикистон бо маълумотномаҳои қалбакӣ барои иҷозаи будубоши муваққатӣ дар қаламрави Қазоқистон боздошт шудаанд. Дар ин бора Tengrinews.kz бо истинод ба дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар дод.

Акс аз сомонаи digitalbusiness.kz

“22 феврали соли 2023 дар фурудгоҳи байналмилалии Алмаато ва гузаргоҳи “Шарбакти” – и вилояти Павлодар шаш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт шуданд.

Ҳангоми тафтиши шиносномаҳо аз ин шаҳрвандон маълумотномаи қалбакӣ дар бораи иҷозати будубоши муваққатӣ дар қаламрави Қазоқистон ва шиносномаҳои дорои мӯҳрҳои қалбакии Хадамоти сарҳадӣ оид ба убури сарҳад ошкор карда шуд», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки дар робита ба ин шаҳрвандон парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январ ҳукумати Қазоқистон ба Қоидаҳои вуруд ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ тағйироту иловаҳо ворид кард.

Ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан ё доимӣ дар Қазоқистон иқомат доранд, низ дахл дорад.

Эътирози муҳоҷирони Тоҷикистону Узбекистон дар Маскав

Беш аз ҳазор корманди ширкати “Крокус Групп”, бо шумули шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон, дар назди идораи ин ширкат дар Красногорск бо талаби пардохти маош эътироз карданд.

Акс: намогирифт аз навори митинг

Дар Маскав ҳазорон муҳоҷир алайҳи ширкати сохтмонии “Крокус Групп” ба гирдиҳамоӣ баромаданд. Онҳо 4 моҳ боз маошашонро нагирифтаанд.

Яке аз муҳоҷирони тоҷик бидуни ифшои номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд моҳ боз маош намегиранд.

“Дар ин ширкат ҳудуди ҳазор муҳоҷири тоҷик кор мекунад. Аз моҳи ноябри соли гузашта мо маош нагирифтаем. Маоши миёна аз 50 то 60 ҳазор рубл аст”, – гуфт ӯ.

Вай ҳамчунин афзуд, ки муҳофизони “Крокус Групп” барои пароканда кардани эътирозгарон аз силоҳи травматикӣ ба ҳаво тир холӣ кардаанд.

Коргарон гуфтанд, ки дар сохтмони маҷмааи истикоматии Левобережний иштирок доранд. Холдинги “Крокус Групп” ба соҳибкори озарбойҷонӣ Ораз Агаларов тааллуқ дорад. Намояндагони ширкат ваъда доданд, ки дар аввалҳои моҳи март маошро пардохт мекунанд.

Қаблан коргарон борҳо шикоят карда буданд, ки додани маоши онҳоро ба таъхир мегузоранд.