fbpx

Боздошти 5 нафар вобаста ба рабудани Шуҳрат Исматуллоев. Шарҳи Прокуратураи генералии Тоҷикистон

Ҷустуҷӯи ҷасади Шуҳрат Исматуллоев идома дорад.


1
1 point
Прокуратураи генералии Тоҷикистон
Акс аз сомонаи Азия-Плюс

Роҳбарии гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро вобаста ба рабудани Шуҳрат Исматуллоев муовини аввали роҳбари “Ориёнбонк”-ро, Дилшод Саидмуродов ба уҳда доштааст. Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл хабар дода, аксашонро нашр кард. Нақшаи ҷинояти мазкурро ӯ моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ ва барои амалӣ намудани он гурӯҳи муташаккили ҷиноятии яроқнокро зиёда аз 10 нафар ташкил намуда буд, омадааст дар хабар.

Вале он вақт бо сабабҳои ба гуфтаи манбаъ, ба Дилшод ва дигар аъзои гурӯҳ вобаста набуда нақшаи мазкур амалӣ нашудааст.

Ҷинояткорони рабуда шудани муовини раиси Ориёнбонк
Акс аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон

Мақомот аз 4 нафар, ки 23-юми июни соли 2023 дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев иштирок карданд, ном бурдааст.

“Дилшод Саидмуродов бо аъзоёни дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Рустам Ашӯров, Шоҳрух Хуҷаев, Акбар Ахмедов ва дигарон аз фурсати муносиб истифода бурда, Шуҳрат Исматуллоевро зӯран ба автомашинаи тамғаи «Хюндай – Соната», рақами қайди давлатиаш 01-97М01, рангаш сиёҳ, савор намуда, ба самти деҳаи Шодоб-1, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб рабудаанд”,- гуфта мешавад дар хабар.

Ҷинояткорони рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев
Акс аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон

Онҳо Исматуллоевро дар яке аз хонаҳои деҳаи номбурда то субҳи 24-уми июн бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.

“Баъдан, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят дар километри 130 шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ва автомашинаи тамғаи «Хюндай- Соната»-ро ба дарёи Зарафшон партофтаанд”,- менависад манбаъ.

Ба иттилои прокуратура гумонбаршавандагон Дилшод Саидмуродов ва Акбар Ахмедов ба Федератсияи Россия, Шоҳрух Хуҷаев худи ҳамон рӯз ба Ҷумҳурии Туркия ва Рустам Ашӯров 25-уми июн ба Ҷумҳурии Туркия ва аз он ҷо 30-юми июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд.

“Дар рафти убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Молдова Рустам Ашӯров аз тарси дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод шуданаш, таппончаи яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Кишинёвро гирифта, ду нафари онҳоро ба қатл ва  якчанд нафари дигарро гаравгон гирифта, ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ярадор ва 3 июл аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок гардидааст”,- омадааст дар хабар.

Айни замон, дар доираи парвандаи ҷиноятии мазкур 5 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шудаанд.

“Барои дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дигар ҷинояткорон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст”,- менависад Прокуратураи генералӣ.

Ҷустуҷӯи ҷасади Шуҳрат Исматуллоев идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он Рустам Ашӯров, гумонбари рабуда шудани муовини раиси “Ориёнбонк” тариқи занги видеоӣ бо модараш ба одамрабоӣ ва куштори ду нафар дар фурудгоҳи Кишинёв иқрор мешавад. Ӯ дар суҳбат бо модараш мегӯяд, ки Шуҳрат Исматуллоевро барои биткоинҳояш рабуда буданд.

Ба гуфтаи Рустам, ҳамроҳаш Дилшоди “СБ” ном шахс буд. Ӯ мегӯяд, Шуҳрат Исматуллоев ба ҳаҷми 100-200 доллари амрикоӣ биткоин дошт, ва ҳамроҳи Дилшод бо мақсади ба даст овардани ин маблағ ӯро рабудаанд.

Дар идома Рустам иқрор мешавад, ки мақсади куштани Шуҳратро надоштанд ва танҳо мехостанд баъди соҳибӣ кардани биткоинҳо ӯро раҳо намоянд. Вале дар натиҷаи латукӯби зиёди Дилшод ӯ ба ҳалокат расид, мегӯяд ӯ.

Рустам ба модараш мегӯяд, ки ҷасади муовини раиси бонкро ба дарёи Варзоб партофтааст.

Бозрасии генералии полиси ВКД Молдова рӯзи 4-уми июл аз марги Рустам Ашӯров хабар дод. Ӯ 30-юми июн ба фурудгоҳи Молдова ворид шуда, баъди ҷавоби рад гирифтан тапончаи афсари гумрукро гирифта, ду нафарро кушта ва як нафари дигарро захмӣ кард.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон 1-уми июл Рустам Ашӯровро яке аз гумонбарони рабуда шудани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” эълон кард. Як гурӯҳи мақомоти Тоҷикистон барои тафтиши ҷиноят ба Кишинёв сафарбар шуда буданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend