Боздошти 5 ҷавонзан бо иттиҳоми латукӯб ва ғорати як зани дигар

Ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ ва ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ зарар дидааст.


Зан бо дастони занҷирбанд

5 нафар зани аз 18 то 23 – солаи сокини шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва ноҳияи Рӯдакӣ барои латукӯб ва ғорати як ҷавонзани 25 – солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир шудаанд. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.

Тибқи иттилоъ, онҳо дар пайи муроҷиати ҷабрдида боздошт шуданд.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 2 – юми феврали соли ҷорӣ 5 нафар зан тахминан соати 22:00 бо автомашинаи кироякаш ӯро ба ҳудуди ноҳияи Варзоб бурда, мавриди ҳақорату дашномҳои қабеҳ ва латукӯб қарор додаанд.

«Дар натиҷаи ин моҷаро ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ду нафари онҳо телефони мобилии тамғаи «Хонор – 50» -ро тасарруф намуда, бо ин кирдор ба ҷабрдида ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидаанд», – омадааст дар хабари ВКД.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.